Ҳамкории Роҳил Шариф бо Арабистон ба нафъи Покистон нест
Генерали бознишастаи артиши Покистон, интисоби генерали покистонӣ ба фармондеҳии низомӣ, таҳти назорати Арабистонро ба нафъи он кишвар надонист.
Талъат Масъуд, генерали бознишастаи артиши Покистон, рӯзи шанбе дар гуфтугӯ бо ИРНА, тасреҳ кард, асли эътилофи низомии ташкил шуда аз сӯи Арабистон, мавзӯи ҷанҷолӣ аст, ки мавриди ҳимояти ҳамаи ҷаҳони Ислом қарор надорад.
Генерал Талъат Масъуд гуфт, бисёре аз аъзои калидии ҷаҳони Ислом бо эътилофе, ки бархе кишварҳои муҳимми минтақа дар он гунҷонда нашудаанд, мухолиф ва муътақиданд чунин иқдоме наметавонд дар мубориза бо терроризм муассир бошад.
Вай изҳор кард, Арабистон дар воқеъ бо ҳадафи ҳимоят аз ҷанги ин кишвар дар Яман ва барои таъмини манофеъи худ, иқдом ба ташкили эътилофи низомӣ кардааст.
Хоҷа Осиф, вазири дифои Покистон ҷумъашаб таъйид кард, генерал Роҳил Шариф, фармондеҳи пешини неруи заминии артиши ин кишвар, ба фармондеҳии эътилофи низомии худсохтаи Арабистон, ки аз сӯи Риёз ба унвони эътилофи ба истилоҳ мубориза бо терроризм номгузорӣ шуда, мансуб шудааст.
Арабистон яке аз ҳомиёни аслии терроризм буда ва тафаккури ваҳобият, ки хостагоҳи он Арабистон аст, тарвиҷдиҳандаи падидаи терроризм дар манотиқи мухталифи ҷаҳон аст.