Апрел 27, 2024 11:54 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Созмони Милал аз ҳаққи эътирози мусоламатомези мардуми Амрико

Сухангӯи Созмони Милал гуфт, ки дабири кулли ин созмон аз ҳаққи мардуми Амрико барои эътирози мусоламатомез ҳимоят мекунад.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Стефан Дуҷарик рӯзи ҷумъа дар ҷамъи хабарнигорон бо ишора ба ҳимояти дабири кулли Созмони Милал аз озодии баён ва ҳаққи мардум барои эътирози мусоламатомез тасреҳ кард: Таъкиди дабири кулл бар ин мавзӯъ аст, ки бояд итминон ҳосил шавад ин эътирозот табдил ба интишори изҳороти нафратангез нашавад.

 Ҳимоят аз мардуми Ғазза ва эътирозҳо ба сиёсатҳои давлати Ҷо Байден-раиси ҷумҳури Амрико дар ҳимояти ҳамаҷониба аз режими Исроил, ин бор аз сӯи қишрҳои мухталифи донишҷуён дар донишгоҳҳои Амрико оғоз шудааст.

 Аз замони шурӯъи эътирозҳо ба ҷанги Исроил дар Ғазза бо унвони «ҷунбиши ҳамбастагӣ бо Ғазза» аз донишгоҳи Колумбияи Нию-Йорки Амрико ва сирояти он ба дигар донишгоҳҳои Амрико бар асоси гузориши Райтер ҳудуди 550 нафар дастгир шудаанд.

 Ин эътирозҳо дар пайи ҳимоятҳои ҳамаҷонибаи давлати Байден аз Исроил ва куштори бевақфаи мардуми Ғазза дар ҷавоби шикасти ин режим дар амалиёти Тӯфон-ул-Ақсо дар ҳафтуми октябри 2023 ва низ адами иҷрои ҳар гуна оташбаси фаврӣ ва ба манзури поён додан ба кумакҳои низомӣ ва амниятии Вашингтон ба Тел-Авив сурат гирифтааст.

 Бо ин ҳол истифода аз хушунат ва абзорҳои полисӣ барои муқобила ва саркӯби таҷаммӯъот ва эътирозоти ором ва рӯзафзӯни донишҷуён ва ҷавонони амрикоӣ ва вуруди полис ба муҳити донишгоҳӣ, мухолифи иддаоҳои он кишвар дар бораи асли озодии баён ва озодии гирдиҳамоиҳо буда ва муҳит ва марказҳои илмиро амниятӣ месозад.

 

Барчасп