Январ 07, 2017 18:45 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши таҳаррукоти зидди русии НАТО бо ирсоли таҷҳизоти ҷангӣ ба Олмон

Садҳо ҷангафзори амрикоӣ, вориди бандари “Бремерхафен”-и Олмон шудаанд, то дар идомаи густариши ҳузури низомии НАТО наздики марзҳои Русия, ба шарқи Аврупо мунтақил шаванд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, киштии борбарии Резоло дар ин бандар паҳлу гирифт ва интизор меравад, ду киштии борбарии дигар рӯзи якшанбе дар Олмон паҳлу мегиранд.

Раванди холӣ кардани ин киштии борбарӣ, аз рӯзи ҷумъа оғоз шуд ва таҷҳизоти сангин аз тариқи хутути роҳи оҳан ва роҳ ба Полша мунтақил мешавад.

Интизор меравад, 4 ҳазор неруи низомии амрикоӣ дар Полша, кишварҳои мантиқаи Балтика, Булғория ва Руминия мустақар шаванд.

Ҳамчунин қарор аст, неруҳои амрикоӣ ва полшаӣ, авохири январи 2017 размоиши муштарак дар Полша баргузор кунанд.

Бригадаи даҳуми ҳавоии Амрико бо 50 адад болгард, 10 адад болгарди Сп-47 чинок ва як ҳазору 800 персонал ва ҳамчунин як баталиёни ҳавоии дигар бо 400 неруи низомӣ ва 24 адад болгарди «Apache» қарор аст, дар шарқи Аврупо мустақар шаванд.

НАТО афзоиши ҳузур низомии худ, дар марзҳои Русияро иқдоми дифоӣ мехонад ва муддаӣ аст, ки ин иқдомот пас аз илҳоқи муҷаддади Қрим ба Русия, дар сол 2014 ва ҳамчунин дахолати Маскав дар буҳрони Украина сурат гирифтааст.

Ин дар ҳоле аст, ки Русия густариши ҳузури низомии  НАТО наздики марзҳояшро иқдоми таҷовузкорона унвон кардааст ва таъкид дорад, ҳузури густурдаи низомӣ дар Аврупо мувозинаи амниятии қораи Аврупоро аз байн хоҳад бурд.

 

Барчасп