Тазоҳуроти ҳомиёни Фаластин дар шаҳрҳо ва донишгоҳҳои Амрико
Тазоҳуроти ҳомиёни Фаластин дар шаҳрҳо ва донишгоҳҳои мухталифи Амрико аз ҷумлаи Ню-Йорк , Вашингтон ,Даллас ва Нев Орлеанс идома дорад .
Ба гузориши сервиси байналмилали хабаргузории Садо ва Симо ба нақл аз хабаргузории Associated Press , донишҷӯён ва устодони донишгоҳи Коломбиё дар Ню-Йорк бо дар даст доштани порчаи навишта ва сар додани шиор , иқдоми полиси Амрикоро дар муқобилаи хушунатбор бо донишҷӯён ва боздошти шумори зиёдӣ аз онҳо маҳкӯм карданд .
Донишҷӯёни ҳомии Фаластин ва мухолифи ҷанг дар Ғазза дар донишгоҳҳои Ҷорҷи Вашингтон ва Толини Амрико ҳам таҷаммуъ ва таҳассун карданд .
Полиси Амрико , чодарҳои донишҷӯёнро барчид ва онҳоро ба зӯр аз муҳавватаи донишгоҳи Толин берун ронаду ваҳудӯди 20 донишҷӯро ҳам боздошт кард .
Дар ду ҳафтаи гузашта , хашми донишҷӯёни Амрико аз ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғазза бештар шуда ва таҷаммуъоту эътирозот дар Амрико , густариш ёфтааст .