Май 25, 2024 21:05 Asia/Dushanbe
  • Паёми донишҷуёни аврупоӣ; на ба султаи Амрико ва Исроил бар Аврупо
    Паёми донишҷуёни аврупоӣ; на ба султаи Амрико ва Исроил бар Аврупо

Саркуби донишҷуёни мунтақиди ҷанги Ғазза ва режимӣ ки Фаластинро ишғол кард, дар донишгоҳҳои аврупои он ҳам дар остонаи баргузарии интихоботи порлумони Аврупо вазъият бесобиқаеро дар ин ҳавзаи жуостратеги эҷод карда аст, вазъияте ки метавонад бар ояндаи ҳукмронии Аврупо асари зербинои бигузорад.

Дар ҳоле ки мақомоти аршади иттиҳодияи аврупо дар муддати замони андаки боқимонда то баргузарии интихоботи порлумони Аврупо, ниҳояти тавон худро ҷиҳати ҳидояти зарфияти азими ҷавонони кишварҳояшан ба суи он чи демокрасй интихоботӣ мехонанд ба кор гирифтаанд , таваҳҳуши полис ва ҳимояти ҳамаҷонибаи давлатҳои ғарбӣ аз дастгирӣ ва зарбу  ҷарҳи донишҷӯён, мунтаҷ ба эҷоди саволоти муҳиммӣ дар зеҳни шаҳрвандони фаронсавӣ, олмонӣ , ҳоландӣ ва ғайра шуда аст .

Воқеияти амр ин аст: лобиҳои саҳюнизм дар аврупо ки умдатан шомили ду лобӣ «саҳюнист–сотсияли демукрот» ва «саҳюнист–муҳофизакор» мешавад , дастури саркуби донишҷӯёни аврупоеро ба дастгоҳҳои амниятӣ ва сиёсии кишварҳои ҳадаф содир карда ва худ низ бар фароянди он назорат мекунанд.

Бо ин ҳол дар ҷараёни ҷанги ахири Ғазза , афроде монанди Морин Лупен  раҳбари ҷабҳаи миллии фаронса ва Виктори Аурбон нахусти вазири Маҷористон монанди сиёсатмадорони вобаста ба ҷараёнҳои суннатӣ монанди Макрон ва Шолтс, табдил ба ҳомиёни наслкушӣ дар навори Ғазза шуданд .

Кор ба ҷое расид ки давлати Маҷористон дар ҷараёни райгирии ахир дар маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид бар сари ба расмият шинохтани кишвари мустақили Фаластин дар канори Амрико ба ин қатъномаи рай манфи дод .

Донишҷуёни аврупое ҳатто онҳое ки мустақиман ба майдони ҳимоят аз Фаластин дар кишварҳояшан вуруд накардаанд ҳамакнун муттафиқулқавл ҳастанд ки саҳюнизм на танҳо ба масобаи як хати қирмизи пурранг балки дар ҷойгоҳи бахше аз мадели ҳукмронӣ дар ғарб мавриди пазириши қарори гирифта аст.

Маҳсули хезишҳои донишҷуӣ натанҳо дар Амрико балки дар аврупо низ тамаркуз бар маделҳои ҳукмронии навин хоҳад буд. Тарсим ва амалиётисозии ин маделҳо бар мабногузори сохторӣ ва тағйири сохтори ҳукуматдорӣ анҷом мешавад на тағйири бозигарон.

Барчасп