Май 26, 2024 11:59 Asia/Dushanbe
  • Изъони Байден ба нокомии падофанди Исроил дар муқобила бо паҳподҳои Эрон
    Изъони Байден ба нокомии падофанди Исроил дар муқобила бо паҳподҳои Эрон

Раиси Ҷумҳурии Амрико эътироф кард агар кумаки Вашингтон ба Тел-Авив набуд, натоиҷи ҳамлаи талофиҷуёнаи Эрон ба Исроил вайронгар буд.

Ҷо Байден раиси Ҷумҳурии Амрикои рузи шанбе ба вақти маҳаллӣ дар ҷараёни суханронии худ дар академияи низомии иёлати муттаҳида дар Вест Пойнти Ню-Йорк, гуфт: Ҳамлаи азими паҳподӣ ва мушакии Эрон ба режими Исроил, ҳамлае вайронгар буд ва ман аз артиши Амрико ба хотири кумак ба Тел-Авив барои дифо дар муқобили ин ҳамла қадрдони мекунам.

Ба гузориши сомонаи Эй Би Си ниюз, Байден ки барои ширкат дар маросими фориғуттаҳсилии донишҷуён ба ин академияи низомии рафта буд бо ишора ба даргириҳои ҳамзамони ҷорӣ дар аврупо ва ховари миёна иддао кард: Дар тули таърихи иёлоти муттаҳидаи ҳеҷ даврае вуҷуд надошта аст ки монанди давраи кунунӣ аз неруҳои низомии худ бихоҳем ба таври ҳамзамон дар нуқоти мухталифи дунё аз ҳимоят аз дифои Украини гирифта то тасҳили кумакҳои башардустона ба Ғаззау дифо аз режими Исроил дар баробари ҳамалоти Эрон, маъмуриятҳои мутафовитиро анҷом диҳанд.

Раиси Ҷумҳурии Амрико дар идома бидуни ишора ба ҳамалоти ваҳшиёнаи артиши режими саҳюнистӣ ба фаластиниёни навори Ғазза  аз нақши артиши Амрико дар ирсоли маводи ғизоӣ аз тариқи осмон барои фаластиниён тақдир карду афзуд: Ҳамлаи азими паҳподӣ ва мушакии Эрон ба режими Исроил, ҳамлае вайронгар буд ва ман аз артиши Амрико ба хотири вокуниши сариъ ва кумак ба Тел-Авив барои дифо дар муқобили ин ҳамла қадрдонӣ мекунам.

Байден идома дод: Мо дар мувоҷиҳа бо ин ҳамлаи бесобиқаи ахири Эрон , шурако ва ҳатто кишварҳои арабро ҳам гирди ҳам оварадем то ин ҳамлаи азимро дафъ кунем .

Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар 25 фарвардини имсол дар посух ба таҷовузгарии режими саҳюнистӣ дар ҳамла ба сохтимони консулгарии Эрон дар Сурия ва шаҳодати панҷ мусташори эронӣ, арозии ишғолиро аз дохили хоки Эрон ҳадафи ҳамалоти мушакӣ ва паҳподи қарордод.

Барчасп