Май 29, 2024 13:12 Asia/Dushanbe
  • Эҳтизози парчами Фаластин дар порлумони Фаронса

Парчами Фаластин дар порлумони Фаронса барафрошта шуд.

Ба гузориши рӯзномаи фаронсавии “Лу Фигаро”, Себостиян Делогу (Sébastien Delogu), узви порлумони Фаронса дар ҷараёни тарҳи пурсиш аз давлати ин кишвар, парчами Фаластинро барои лаҳазоте дар порлумони Фаронса болои дастони худ ба эҳтизоз даровард ва ҳимояти қотеи худро аз ормони Фаластин ба намоиш гузошт.

Ҳомиёни мардуми Фаластин дар саросари ҷаҳон дар моҳҳои ахир бо баргузории тазоҳурот, ҷиноёти режими ишғолгари саҳюнистӣ зидди мардуми борикаи Ғаззаро маҳкум кардаанд.

 

Барчасп