Май 29, 2024 18:14 Asia/Dushanbe
  • Табрики раиси Думаи Русия ба Қолибоф

Раиси Думаи давлатии Русия, интихоби Муҳаммадбоқири Қолибоф-ба унвони раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эронро табрик гуфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Вячеслав Володин имрӯз чаҳоршанбе дар ин паёми табрик тасреҳ кард: Идомаи ҳамкориҳои созанда байни қонунгузорони Русия ва Эрон ба тавсеаи равобити дуҷониба дар ростои манофеъи шаҳрвандони ду кишвар кумак хоҳад кард.

 Намояндагони Маҷлиси шӯрои исломии Эрон дирӯз сешанбе Муҳаммадбоқир Қолибоф-мунтахаби мардуми Теҳронро бори дигар ба унвони раиси маҷлис барои иҷлосияи аввали маҷлиси дувоздаҳум интихоб карданд.

 

Барчасп