Июн 04, 2024 18:45 Asia/Dushanbe
  • Маросими гиромидошти солгарди иртиҳоли Имом Хумайнӣ ( раҳ ) дар Лондон

Маросими гиромидошти сиву панҷумин солгарди иртиҳоли малакӯтии ҳазрати Имом Хумайнӣ ( раҳ ) ва гиромидошти қиёми Понздаҳуми хурдод дар Лондон , пойтахти Британиа баргузор шуд .

Дар ин маросим « Алӣ Матинифар » сарпарасти сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба таъкиди ҳазрати Имом Хумайнӣ ( раҳ ) ба қазияи Фаластин ва таҳаввулоти ахир дар борика Ғазза гуфт : Ҳазрати Имом Хумайнӣ ( раҳ ) аз соли 1961 мавзӯи Фаластин , ғосиб бӯдани режими саҳюнистӣ ва ҳимоят аз мардуми мазлӯм ва ситамдидаи Фаластинро мавриди тавваҷуҳ қарор доданд ва онро ба миллатҳои мусуламон ёдоварӣ мекарданд .

Дар идомаи ҷаласа ҳуҷҷатулислом валмуслимин Алӣ Олимӣ раис ва имоми маҷмаъи исломии ҷаҳонӣ суханонеро дар бораи вижагиҳои шахсияти ҳазрати Имом Хумайнӣ ( раҳ ) матраҳ кард ва эшонро марҷаъии огоҳу файласуфӣ ориф хонд ки бо такя бар дастуроти илоҳӣ ва сираи аҳлубайт муваффақ шуд Инқилоби шукӯҳманди исломиро ба самар бирасонад .