Иттиҳоди демократҳову ҷумҳурихоҳон алайҳи донишҷӯёни мухолифи ҷиноят дар Фаластину Ветнам
(last modified Fri, 07 Jun 2024 14:20:24 GMT )
Июн 07, 2024 19:20 Asia/Dushanbe
  • Шитоб гирифтани ормони ҳимоят аз Фаластин ва саркӯби физояндаи эътирозот дар ИМА
    Шитоб гирифтани ормони ҳимоят аз Фаластин ва саркӯби физояндаи эътирозот дар ИМА

Дар ҳоле ки донишҷӯёну устодони донишгоҳҳои Амрико ба баргузории тазоҳурот барои ибрози ҳамбастагӣ бо Ғазза идома медиҳанд, сиёсатмадорони ҳар ду ҳизби ин кишвар талош мекунанд то стратегияи қадимии интихоботро эҳё кунанд.

Ба гузориши “Порстудей”, дар соли 1968 муҳофизакорон дар Амрико тавонистанд бо лаффозӣ алайҳи донишҷӯёни муътариз дар донишгоҳи Колумбия ва чандин донишгоҳи дигари ин кишвар ба пирӯзӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ барисанд.

Ин донишҷӯён мухолифи ҷангафрӯзии Иёлоти Муттаҳида дар Ветнам буданд, ки ҳар ду ҳизби демократу ҷумҳурихоҳ онҳоро дар афкори умумӣ зидди қонуну зидди Амрико муаррифӣ мекарданд. Акнун ва пас аз гузашти панҷоҳушаш сол, мумкин аст шоҳиди шаклгирии раванди сиёсии бисёр мушобеҳе дар интихоботи пеширӯи Амрико бошем.

Ҳангоме, ки полис барои юриш ба чодарҳои ҳомиёни Фаластин дар донишгоҳҳои саросари Амрико фаро хонда шуд, вокуниши ниҳодҳои сиёсӣ бозтоби достонҳои қадимиву ривоятҳои қонун ва назм аст ва ин достон барои касоне ки таърихи Иёлоти Муттаҳидаро медонанд, чандон тааҷҷубовар нест.

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури кунунии Амрико низ аз лаффозиҳои мушобеҳе алайҳи эътирозоти донишҷӯӣ истифода мекунад ва дар 5 май истидлол кард, ки ҳаққи эътироз вуҷуд дорад, аммо ҳаққи эҷоди ҳарҷу марҷ нест. Ӯ исрор дошт, ки донишҷӯён аз «равишҳои хушунатомез» истифода мекунанд.

Доналд Трамп, номзади интихоботи раёсати ҷумҳурии 2024 низ бо истифода аз фазои эҷодшуда тавассути Байдену демократҳо гуфт: “Ба ҳар раиси коллеҷ мегӯям, фавран кампайнҳоро ҳазф кунед. Радикалҳоро шикаст диҳеду донишгоҳҳои моро барои ҳамаи донишҷӯёни оддӣ пас бигиред.”

Бо шитоб гирифтани ормони ҳимоят аз Фаластин ва саркӯби физояндаи эътирозот, ба яке аз тобистонҳои гарму тӯлонии эътирозҳову қиёмҳо наздик мешавем, ки мушаххасаи даҳаи 1960 Амрико буд.