Июн 11, 2024 13:43 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил ; Роҳкорҳои Эрон дар иҷлоси БРИКС роҳгушои таҳаввулоти минтақаӣ ва байналмилалӣ
    Таҳлил ; Роҳкорҳои Эрон дар иҷлоси БРИКС роҳгушои таҳаввулоти минтақаӣ ва байналмилалӣ

Аввалин иҷлоси  БРИКС пас аз узвияти Эрон , дар шароите дар шаҳри “ Нижний Новгород “ Русия баргузор мешавад ки Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин нишаст роҳкорҳои худ дар мавриди таҳаввулоти минтақаӣ ва байналмилалиро матраҳ мекунад .

Нишаст вузарои умӯри хориҷаи, БРИКС , ва ҳамчунин нишаст вузарои умӯри хориҷаи БРИКС ва кишварҳои дар ҳоли тавсеа бо ҳузури вузарои умӯри хориҷаи 10 кишвари узви БРИКС , дирӯз 10 июн ва имрӯз 11 июн дар шаҳри Нижний Новгород Русия баргузор хоҳад мешавад . Ин аввалин иҷлоси гуруҳи БРИКС, пас аз узвияти Эрон аст .

Гуруҳи БРИКС , як гуруҳи байналмилалӣ ба раҳбарии қудратҳои иқтисодии навзуҳӯраст . БРИКС ( BRICS ) мухаффафи аввали номи панҷ иқтисоди бузурги Бразилия , Русия , Ҳинд , Чин ва Африқои ҷанубӣ аст ки ба унвони қудратҳои иқтисодии навзуҳӯр шинохта мешаванд . Аз соли 2009 , давлатҳои кишварҳои БРИКС солона ташкил ҷаласа додаанд . Эрон , дар давлати сездаҳум ба сӯрати ҷаддӣ хоҳони пайвастан ба ин гуруҳ шуд то инки саранҷоми соли 2023 расман хабари эъломи узвияти Эрон дар гуруҳи БРИКС эълом шуд .

Аъзои гуруҳи БРИКС

“Алӣ Боқирии Канӣ “ сарпарасти Вазорати умӯри хориҷаи Эрон зимни ҳузур дар ин нишаст ва табини мавозиъи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар қиболи таҳаввулоти минтақаӣ ва байналмилалӣ , бо вузарои умӯри хориҷа ва руасойаи ҳайатҳои ширкаткунанда дар ин ду нишаст дидор ва гуфтугӯ хоҳад кард .

Боқирии Канӣ , дар баъди вурӯд ба Нижний Новгород Русия гуфт: БРИКС бузургтарин гуруҳи иқтисодии байналмилалӣ аст ки хориҷ аз чаҳорчӯби якҷонибагароии ғарб ва бо ҳузури кишварҳои муҳимме дар ҳоли нақшофаринӣ аст ; Ҳузури Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин маҷмӯъаи нишондиҳандаи ҷойгоҳу аҳамияти кишварамон дар низоми чандҷонибагароӣ аст .

Дар ин нишаст мавзӯъоти муҳими равобити байналмилал , роҳкорҳои иртиқои ҳукмронии ҷаҳонӣ , ҳалу фасли мунозиъот дар бистарҳои чандҷониба бо тамаркуз бар афзоиши таъсиргузории кишварҳои дар ҳоли тавсеа , мавриди тавваҷуҳу баррасӣ қарор мегирад .

Вузарои хориҷаи кишварҳои БРИКС , ҳамчунин нақшаи роҳи тавсеаи мушорикати роҳбурдии миёни кишварҳои узвро мушаххас мекунанд ва замина ва бистари лозимро барои баргузарии шонздаҳумин иҷлоси сарони БРИКС ки бо ҳузури руасои ҷумҳӯр ва дар Казани Русия баргузор мешавад , фароҳам хоҳанд оварад .

Кишварҳои узви гуруҳи БРИКС  , 30 дарсади масоҳати ҷаҳон ва 42 дарсад аз ҷамъияти ҷаҳонро ба худ ихтисос додаанд ва ҷойгоҳи иқтисодии қобили таваҷҷӯҳе дар арсаи ҷаҳонӣ доранд . Ҷумҳурии Исломии Эрон , дар солҳои ахир ба вижа бо оғоз ба кори давлати сездаҳум барои истифода аз зарфиятҳои гуруҳи БРИКС ва ҳамкорӣ бо он барномарезӣ ва ҳадафгузорӣ кард . Узвияти Эрон дар гуруҳи БРИКС , ҳамчунин фурсати ҷадиддӣ барои дигари аъзои ин гуруҳ аст то битавонанд аз зарфиятҳо ва  тавонмандиҳои сиёсӣ ва иқтисодии Эрони баҳра бибаранд .

Эрон , бо таваҷҷуҳ ба мавқеъияти вижаи жиополетики худ метавонад барои ҳамкории бештари аъзои гуруҳ дар арсаи сиёсӣ ва иқтисодӣ заминасозӣ кунад . Эрон , ба унвони яке аз бузугтрини тавлидкунандагони энержӣ ва маҳсӯлоти санъатӣ дар арсаи ҷаҳонӣ бозори муносибе барои сармоягузорӣ ва ҳамкории бештар бо аъзои гуруҳ БРИКС хоҳад буд .

Яке аз аҳдофи муҳими гуруҳи БРИКС  , таъсиси Банки вижа барои аъзои ин гуруҳ буд ки мубодилоти молиро байни кишварҳои узв тасҳил кард . Бистарсозӣ муносиб , ва ҳамкориҳои иқтисодӣ яке аз аҳдофи муҳими гуруҳ БРИКС будааст ки бо узвияти Эрон ин раванд суръати бештарӣ хоҳад гирифт .

БРИКС , бо ҳузури Эрон намоде аз ҳамкорӣ ва мушорикати сиёсӣ ва иқтисодии байни кишварҳои мустақил аст, ки барои тавсеа ва ҳадфгузории оянда нигоҳӣ ба Амрико ва Ғарб надоранд ва талош мекунанд қутби иқтисодии ҷаддид ва қудратмандиро муқобили Амрико ва муттаҳидони ғарбии Кохи Сафед ташкил диҳанд .

Барчасп