Вокуниши Шӯрои ҷаҳонии калисоҳо ба наслкушӣ ва ҷиноёти Исроил
(last modified Wed, 12 Jun 2024 14:05:54 GMT )
Июн 12, 2024 19:05 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Шӯрои ҷаҳонии калисоҳо ба наслкушӣ ва ҷиноёти Исроил

Шӯрои ҷаҳонии калисоҳо, мавсум ба «wcc» барқарории оташбаси фаврӣ дар навори Ғазза ва ирсоли беқайду шарти кумакҳои башардӯстона ба ин минтақаро хостор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, беш аз ҳашт моҳ аз ҳамлаи Исроил ба Ғазза мегузарад, куштори густурдаи мардуми Ғазза аз ҳафтуми октябри 2023 то кунун ҳамчунон идома дорад.

Ба гузориши Порс тудей, дар ин миён дастрасии мардуми ин борика ба кумакҳои башардӯстона бисёр маҳдуд аст.

Шӯрои ҷаҳонии калисоҳо, мустақар дар Швейтсария рӯзи сешанбе дар баёнияе таъкид кард оташбас ба ранҷи мардуми Ғазза поён медиҳад.

 Дар ин баёния омадааст:

 « Ҷанг ва ранҷ дар борикаи Ғазза бархоста аз моҳияти кӯри иқдомоти артиши Исроил дар ин минтақа ва риоят накардани усули бунёдини қавонини башардӯстонаи байналмилалӣ ва ахлоқиёт аст».

 Дар баёнияи Шӯрои ҷаҳонии калисоҳо, дастрасии беқайду шарти мардуми Ғазза ба кумакҳои башардӯстона, ирсоли кумакҳои кофӣ ба афроди ниёзманд ва оғози раванди сиёсии маънодор барои зиндагии мардуми минтақа дар сулҳ ва каромат таъкид шудааст.

 Режими саҳюнистӣ тайи ин муддат дастоварде ғайр аз қатли ом, вайронӣ, ҷиноятҳои ҷангӣ, нақз қонунҳои байналмилалӣ, бомбаборони ниҳодҳои имдодрсон ва қаҳтиву гуруснагӣ дар ин минтақа надоштааст.

 Дар ҳамалоти артиши Исроил ба борикаи Ғазза аз ҳафтуми октябри соли 2023 то кунун  беш аз 37 ҳазор нафар шаҳид ва ҳудуди 85 ҳазор нафари дигар захмӣ шуданд