Июн 13, 2024 17:49 Asia/Dushanbe
  • Баррасии ҳамкориҳои Эрон ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё
    Баррасии ҳамкориҳои Эрон ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё

Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия қонуни наверо имзо кард, ки бар асоси он тавофуқи тиҷорати озод миёни Эрон ва аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба тасвиб мерасад.

Тасвиби ниҳоии ин тарҳ дар шароите аст, ки пеш аз ин дар рӯзи 25 моҳи декабри соли гузаштаи мелодӣ (2023) санади ҳамкориҳои Эрон ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар Санкт - Петербург имзо шуда буд. Дар чорчӯби ин тавофуқ, муқаррароти куллии тиҷорат миёни Эрон ва дигар аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мушаххас шудааст.

Имзои ин санад тавассути раиси ҷумҳурии Русия дар ҳоле аст, ки ҳафтаи гузашта низ Владимир Путин ва давлати Русия аз узвияти нозири Эрон дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (EAEU) истиқбол кардаанд.

Ин амр нишон медиҳад, ки давлати Русия ба шиддат дар пайи ҷазби кишварҳои мустақили минтақа бо ҳадафи шикасти сиёсатҳои якҷонибаи Амрико аст.

Воқеият он аст, ки Эрону Русия монанди бисёре аз кишварҳои мустақили ҷаҳон бо таҳдидҳои шадиди Амрико мувоҷеҳ ҳастанд. Ба иборати дигар, таҳримҳои ноҷавонмардонаву якҷонибаи Амрико алайҳи Эрону Русия дар ҳоли эъмол аст.

Дар ҳақиқат, сиёсатҳои якҷонибаи Амрико дар фишор бар кишварҳои мустақил ба манзури аз по даровардани ин даста аз кишварҳо мутамаркиз шудааст. Ба ҳамин далел, талоши кишварҳои манотиқи муҳиму стратегии ҷаҳон бар ҳамин амр мутамаркиз аст. Дар ҳамин иртибот, як асли куллӣ вуҷуд дорад ва он ин ки ҳамеша барои ҳар кишвар муҳимтарин кишварҳо - ҳамсоягонаш ҳастанд ва чӣ беҳтар ки ин ҳамсоягон дорои иқтисоди мукаммал бошанд. Бинобар ин асл, Эрон дар мавқеияти хосе дар миёни кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё қарор дорад.

Ба таври куллӣ метавон гуфт, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар баробари инҳисорталабии кишварҳои инҳисорталабу мубориза бо онҳо дар ҳавзаи иқтисодӣ шакл гирифтааст. Албатта, дар нигоҳи аввал, арсаи фаъолияти ин даста аз кишварҳо ба фаъолиятҳои иқтисодӣ маҳдуд аст. Аммо дар нигоҳи ҷомеътару калонтар метавон ба ин воқеиятҳо низ пай бурд, ки манофеи ин иттиҳодҳо танҳо ба арсаи иқтисодӣ маҳдуду маҳсур набудаву осори он дар арсаҳои сиёсиву амниятӣ низ мушаххас ва равшан мешавад. Мушорикату фаъолияти аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар мубодилоти иқтисодии мутақобил, ба беҳбуди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва афзоиши иштиғол дар ин кишварҳо мунҷар хоҳад шуд.

Дар ҳамин замина, Ором Сафариён, коршиноси улуми сиёсии Арманистон ва ҳамоҳангкунандаи бошгоҳи коршиносони АвруОсиё ахиран гуфтааст: “Замони коҳиши бекорӣ бо барномаҳои ҷиддӣ дар АвруОсиё фаро расидааст то ба коргарони камдаромад кумак шавад то вазъияти маишату зиндагии худро беҳбуд бахшанд. Мо муътақидем, агар рӯйдоди ғайримунтазирае рух надиҳад, соли ҷории мелодӣ бо рушди иқтисодии чашмгиру рушди тавлиди нохолиси дохилии қавӣ барои аъзои АвруОсиё ба поён хоҳад расид”.

Дар ҳамин иртибот , нуктае ки вуҷуд дорад, ин аст, ки Эрон ва кишварҳои АвруОсиё дорои иқтисоду саноеи мукаммал ҳастанд.

Дар минтақаи Ғарби Осиё иқтисоди Эрон дорои шабоҳати зиёде бо кишварҳои ҳамҷавори нимаҷанубии худ аст, аммо бо иқтисоду саноеи кишварҳои минтақаи АвруОсиё мукаммал аст. Мукаммал будан ба ин маъност, ки он чӣ Ҷумҳурии исломии Эрон ниёз дорад, онҳо метавонанд таъмин кунанд ва дар муқобил низ ниёзҳои онҳоро низ Эрон метавонад таъмин кунад ва ин бузургтарин имтиёзе аст, ки дар таомулоти байналмилал ва дар чорчӯби Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё қобили мушоҳида аст.

 

Барчасп