Июн 22, 2024 18:45 Asia/Dushanbe
  • Баргузории маросими накудошти устодону муаллимони форсӣ дар Австрия

Ройзани фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар нахустин маросими накудошти устодону муаллимони форсӣ дар Австрия гуфт, забони форсӣ дар шумори панҷ забоне қарор дорад, ки созмони ЮНЕСКО ба унвони ширинтарин забонҳои дунё, онро шиносондааст.

Ба гузориши ИРНА, Ризо Ғуломӣ, ройзани фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Австрия дар ин маросим гуфт, дар кишварҳои Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Покистон, Ироқ, Туркманистону Озарбойҷон ба форсӣ сухан мегӯянд, афзӯн бар инки форсӣ, забони расмии Эрон, Тоҷикистону Афғонистон ба шумор меравад.