Январ 09, 2017 20:53 Asia/Dushanbe
  • Баррасии афзоиши ихтиёроти Эрдуғон дар парлумони Туркия

Парлумони Туркия баррасии пешнависи ислоҳи Қонуни асосии ин кишварро оғоз кард.

Ба гузориши сойти ал-Олам, дар сурати ислоҳи Қонуни асосӣ, ихтиёроти густурдае ба раисиҷумҳури Туркия дода хоҳад шуд.

Бар асоси Қонуни асосии феълии Туркия, раисиҷумҳур дар ин кишвар нақши ташрифоти ифо мекунад, вазъе, ки мумкин аст, ба зуддӣ дастхуши тағйир шавад.

Баррасии пешниҳодоти тағйири Қонуни асосии Туркия аз имрӯз оғоз шудааст, ки ин пешниҳодҳо бояд аз 102 раъйгирӣ дар парлумон убур кунанд.

Дар сурати тасвиби ин пешниҳодҳо дар парлумони Туркия, давлат онҳоро ба ҳамапурсии умумӣ хоҳад гузошт, ки замони он низ эҳтимолан баҳори оянда хоҳад буд.

Эрдуғон яке аз ҳомиёни аслии ин тарҳ аст, ки муътақид аст, афзоиши ихтиёроти раисиҷумҳур ба раҳбари қотеътар ва дар натиҷа ба муваффақияти рӯзафзунтари ин кишвар мунҷар мешавад.

Мунтақидон нигаронанд ин тағйирот, назорат бар Эрдуғонро, ки ба диктаторӣ муттаҳам аст, коҳиш диҳад.