Июн 29, 2024 18:34 Asia/Dushanbe
  • Оғози нишасти вазирони кишоварзии узви БРИКС

Чаҳордаҳумин нишасти вузарои кишоварзии узви Брикс субҳи имрӯз дар Маскав бо суханронии вазири кишоварзии Федератсияи Русия ба сурати расмӣ оғоз шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, ҳайати намояндагии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ба сарпарастии Алиризо Муҳоҷирӣ, муовини умури зироати кишвар ба намояндагӣ аз вазири ҷиҳоди кишоварзӣ, Алии Киёнӣ Род, раиси Муассисаи пажуҳишҳои барномарезӣ, иқтисоди кишоварзӣ ва тавсеаи рустоӣ ба унвони намояндаи вазорати ҷиҳоди кишоварзӣ дар коргуруҳи собити кишоварзӣ, Фотимаи Ҷовердӣ, раиси гуруҳи созмонҳои тахассусии дафтари умури байналмилалу созмонҳои тахассусӣ ва намояндаи сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Русия дар нишасти вузарои кишоварзии узви БРИКС ҳузур доранд.

Дар ин нишаст, ки бо се дастури амнияти ғизоӣ, тавсеаи тиҷорату пойдории тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ ва ғизо ташкил шудааст, баёнияи вузаро бо таъкид бар аҳамияти ин се мавзӯ, қироат хоҳад шуд.

Ҳамчунин Алиризо Муҳоҷирӣ матни паёми вазири ҷиҳоди кишоварзии Ҷумҳурии Исломии Эронро ба ин нишаст қироат хоҳад кард.

Бар асоси ин гузориш, дар ин нишаст вузарои кишоварзии Имороти Муттаҳидаи Араб ва Миср, муовинини вазири кишоварзии Бразилия, Чину Эрон ва дастёри вазири кишоварзии Ҳиндустон ҳузур доранд.

 

Барчасп