Ҷузъиёти қатли дардноки навҷавони бегуноҳи осиёӣ тавассути полиси Амрико
Порси тудэй- Як навҷавони 13 солаи осиёӣ ба далели доштани туфанги асбоббозӣ, тавассути полиси Амрико кушта шуд.
Полиси Ню-Йорк эълом кард, яке аз маъмурони ин иёлат дар таъқибу гурез, навҷвони 13 соларо, ки бо « силоҳи асбоббозӣ» ба самти неруҳои полис нишона рафта буд ба зарби гулӯла куштааст.
Видеоҳои мунташир шуда дар фазои маҷозӣ нишон медиҳад, афсари полиси амрикоӣи пас аз ба замин андохтани Nyah Mway навҷавони 13 солаи осиёӣ иқдом ба лату куби вай карда ва дар идома ба қафасаи синаи вай шиллик кардааст, Nyah Mway дар ниҳоят соати 10 шаби ҷумъаи гузашта дар бемористон ҷон бохт.
Бар асоси эъломи расонаҳои амрикоӣ, се афсари даргир дар ин ҳодиса, аз ҷумла омили тирандозӣ ба навҷавони ёдшуда ба мурраххасии идорӣ бо ҳуқуқ фиристода шудаанд.
Як созмони ҳимоят аз паноҳҷуёни мянмаӣ дар Амрико эълом кард, ки хонаводаи Nyah Mway, ки аз озору азият дар Мянмар гурехта ва муддате дар урдӯгоҳҳои паноҳҷӯи зиндагӣ карда буданд, фикр мекарданд, ки дар Амрико шурӯи тоза бидуни тарсеро дар зиндагии худ таҷриба хоҳанд кард.
Натоиҷи таҳқиқот дар иёлатҳои мухталифи Амрико нишон медиҳад, ки дар солҳои ахир, рафторҳои нажодпарастона алайҳи осиёитаборҳои ин кишвар ба шиддат афзоиш ёфтааст.
Бо вуҷӯди инки Амрико ҳудӯди панҷ дарсад аз ҷамъияти ҷаҳонро ташкил медиҳад, аммо наздик ба 31 дарсад аз касонеро, ки муртакиби кушторҳои ҷамъӣ бо силоҳ мешаванд, дар худ ҷой додааст.