Январ 10, 2017 20:24 Asia/Dushanbe
  • Сафири Ҷопон дар Афғонистон паёми таслиятро ба форсӣ навишт

Сафири Ҷопон дар Афғонистон, ки барои адои эҳтиром ва арзи таслият ба муносибати даргузашти Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ ба сафоратхонаи Эрон дар Кобул рафта буд, паёми таслияти худро дар дафтари ёдбуд ба форсӣ навишт.

Ба иттилои Ирно, Митсуҷӣ Сузука, сафири Ҷопон дар Афғонистон пеш аз нигориши ёддошти худ ба Муҳаммадризо Баҳромӣ, сафири Эрон дар Кобул гуфт, ки аз наздик бо Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ ошно буда ва дар муддати маъмурияти собиқи худ дар Теҳрон чандин бор бо ӯ мулоқот ва гуфтугӯ кардааст.

Сузука дар навиштаи худ ба ёди ширини ошноӣ бо Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ ишора кардааст.