Баргузории нишасти умумии СҲШ дар Русия
Дар шаҳри Екатеринбурги Русия дар чорчӯби баргузории намоишгоҳи байналмилалии “Innoprom – 2024”, нишасти умумии Созмони Ҳамкории Шанхай, ки ба унвони шарики ин ҳамоиши санъатӣ амал мекунад, баргузор шуд.
Ба гузориши “Ховар”, сарпарастии ҳайати Тоҷикистон дар ин нишаст бар уҳдаи Шералӣ Кабир, вазири саноеъ ва фанновариҳои навин, узви конфронси вазирони саноеи Созмони Ҳамкории Шанхай буд.
Мавзӯи аслии ин нишасти “Уфуқи 2035: Созмони Ҳамкории Шанхай – меҳвари иқтисоди ҷаҳонӣ” буд, ки дар он Шералӣ Кабир дар мавриди нақши Созмони Ҳамкории Шанхай ба унвони як платформи байнидавлатии таъсиргузору мушорикаткунанда дар системаи байналмилалӣ, ки кишварҳои узви он дорои захоири зиёди маводи маъдании муфид, зарфиятҳои болои тавлид, бозорҳои бузургу пойгоҳи илмиву фаннии қавӣ ҳастанд, суҳбат кард.