Июл 13, 2024 18:07 Asia/Dushanbe
  • Ояндаи БарҶом ба иқдомоти Ғарб бастагӣ дорад на Эрон

Намояндаи доими Русия дар созмонҳои байналмилалии мустақар дар Вена таъкид кард, ки эҳёи тавофуқи ҳастаии Эрон ба Амрико ва Аврупо бастагӣ дорад.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Роман Устинов, муовини намояндаи доими Русия дар созмонҳои байналмилалии мустақар дар Вена бо ишора ба интихоби давлати ҷадид дар Эрон таъкид кард, ки ояндаи тавофуқи ҳастаии Эрон ба иқдомоти Ғарб бастагӣ дорад.

Вай дар гуфтугӯ бо хабаргузории ТАСС гуфт, дар робита бо ин мавзӯи мо ба равандҳои сиёсӣ дар Эрон нигоҳ намекунем, балки тарҷеҳ медиҳем ба мавозеъи Амрико ва кишварҳои аврупоии мушорикаткунанда дар БарҶом (Олмон, Фаронса ва Англис) таваҷҷуҳ кунем.

Роман Устинов тасреҳ кард, ки онҳо аз музокира ва эҳёи БарҶом худдорӣ кардаанд, то ҷое, ки медонам мақомоти амрикоӣ баъд аз интихобот дар Эрон гуфтаанд, ки онҳо қасде барои оғози дубораи музокироти ҳастаӣ надоранд. Дар ҳамин ҳол тарафи эронӣ, Чину Русия борҳо гуфтаанд, ки онҳо омодаи эҳёи БарҶом ҳастанд.

Ин дипламати русӣ ёдовар шуд ки дар моҳи июн, ин се кишвар баёнияи сеҷониба ироа карданд, ки сариҳан ҳимояти худ аз тавофуқи ҳастаӣ ва омодагӣ барои аз саргирии музокиротро такрор карданд.

Роман Устинов таъкид кард, ки ман мавзӯм аз саргирии билқувваи музокиротро бо кишварҳои ғарбӣ матраҳ хоҳам кард.Чаро ки онҳо ҳастанд, ки ин равандро мутаваққиф кардаанд.

 

Барчасп