Таъкиди Гутерриш бар лузӯми поёни ҷанги ваҳшатнок дар Навори Ғазза
(last modified Sat, 13 Jul 2024 13:40:02 GMT )
Июл 13, 2024 18:40 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Гутерриш бар лузӯми поёни ҷанги ваҳшатнок дар Навори Ғазза

Дабири кулли Созмони милал гуфт, ҳеҷ чиз муҷозоти дастаи ҷамъиро, ки фаластиниён дар Ғазза ҳаррӯз дар маърази он қарор мегиранд, тавҷеҳ намекунад.

Ба гузоришаши Сервиси байналмилалии хабаргузории Садо ва симо ба нақл аз шабакаи телевизионии Алҷазира, Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони милал дар нишасти ин созмон барои ҳимоят аз Ожонси имдодрасонии Созмони милал барои оворагони фаластинӣ гуфт, сатҳи куштору вайронии азим дар Навори Ғазза ғайриқобили дарк аст.

Вай афзуд, дастури тахлияи манотиқи мухталиф аз сӯи артиши Исроил афзоиш ёфтааст ва фаластиниҳо маҷбур ба фирор мешаванд, гӯӣ, ки дар майдони куштор, тубҳои инсонӣ ҳастанд.

Дабири кулли Созмони милал таъкид кард, ҳеҷ чиз муҷозоти дастаҷамъиро, ки фаластиниён дар Ғазза ҳаррӯз дар маърази он қарор мегиранд, тавҷеҳ намекунад.

Гутерриш гуфт, 195 корманди ин ожонс дар Ғазза кушта шуданд, ки болотарин теъдоди талафот дар таърихи кумакҳои башардӯстона аст.

Вай зимни дархост аз ҳама барои муҳофизат аз ин ожонс гуфт, ҳеҷ ҷойгузине барои ожонс вуҷӯд надорад, мо дар ҳама ҷабҳаҳо кор мекунему замони он фаро расидааст, ки ба ин ҷанги ваҳшатнок поён дода шавад.