Тафсир. Вуруди БРИКС ба арсаҳои ҷадиди ҳамкорӣ
Дар ҷараёни нишастҳои Санк-Петербурги Русия, илова бар баргузории даҳумин нишасти руасои порлумонҳои аъзои БРИКС, ки бо судури баёния ҳамроҳ буд, сухангӯҳои вузарои умури хориҷаи ин иттиҳодия низ барои ҳамоҳангии бештари мавозеи худ дар арсаи сиёсати хориҷӣ нишасти вижа баргузор карданд.
Мақомҳои аршади порлумонии кишварҳои узви гуруҳи БРИКС дар баёнияи поёнии даҳумин нишасти худ дар Санкт-Петербург зимни ибрози нигаронӣ дар бораи таъсири манфии иқдомоти қаҳрии якҷониба, ки бо маншури Созмони Милали Муттаҳид мутобиқат надорад, мухолифати худро бо таҳримҳои якҷониба эълом карданд.
Дар баёнияи поёнии ин иҷлос, ки бо ҳузури Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломӣ ва дигар руасои маҷолиси кишварҳои узви БРИКС дар Санкт-Петербурги Русия баргузор шуд, омадааст: Мо нисбат ба истифода аз иқдомоти қаҳрии якҷониба, ки бо усули маншури Созмони Милали Муттаҳид муғойир аст ва таъсири манфӣ бар рушди иқтисодӣ, тиҷорат, энержӣ, саломат ва амнияти ғизоӣ, ба вижа дар кишварҳои дар ҳоли тавсеа дорад, ибрози нигаронӣ мекунем.
Ҳамчунин мақомоти аршади порлумонии БРИКС дар баёнияи поёнии нишасти худ ҳимояти худро аз созукори тиҷорати чандҷониба, шаффоф, мунсифона, фарогир, одилона, бидуни табъиз ва мубтанӣ бар қавонин, ки бо нақши меҳварии Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ ва бо нигоҳи вижа ба кишварҳои дар ҳоли тавсеаву камтар тавсеаёфта ба унвони асли асоси ин созмон фаъолият кунад, иброз карданд.
Даҳумин Маҷмаи порлумонии БРИКС, ки бо ҳузуру суханронии Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия низ ҳамроҳ буд, рӯзи ҷумъаи 22 тирмоҳ ба кори худ поён дод. Мавзӯи ин маҷмаъ, нақши порлумонҳо дар тақвияти чандҷонибагароӣ барои тавсеаву амнияти ҷаҳонии одилона буд.
Нақши маҷолис дар афзоиши короии низоми равобити байналмилал ва тазмини демократӣ шудани он, нақши порлумонҳо дар тиҷорати чандҷонибаву чигунагии ғалаба бар таҳдидоти ношӣ аз буҳронҳои ҷаҳонӣ ва ҳамчунин ҳамкориҳои башардӯстонаву фарҳангии байналмаҷолис мавзӯоти нишастҳои умумии ин иҷлос буданд.
Қонунгзорони кишварҳои БРИКС бар аҳамияти тақвияти амнияти иқтисодиву молӣ, дастёбӣ ба аҳдофи тавсеаи миллии кишварҳои БРИКС ва стратегияи мушорикати иқтисодии БРИКС то соли 2025 таъкид доранд.
Русия ба унвони раиси давраии гуруҳи БРИКС ҳудуди 250 рӯйдодро дар соли 2024 мелодӣ мизбонӣ мекунад. Иҷлоси ояндаи сарони БРИКС ба унвони муҳимтарин рӯйдоди ин гуруҳ дар Қазон дар 22 то 24 октябр (аввал то сеюми обони 1403) баргузор хоҳад шуд.
Маскав мавзӯоте дар се бахш, шомили сиёсату амният, иқтисоду масоили молӣ ва равобити фарҳангиву башардӯстонаро дар авлавияти барномаҳои ин гуруҳ дар соли 2024 қарор додааст.
Аз дигар сӯ, дар нишасти Санкт - Петербург сухангӯёни дастгоҳи дипломатии кишварҳои БРИКС дар бораи нақши расонаҳо дар ростои тақвияти ҷойгоҳи байналмилалии БРИКС, эҷоди бистари иттилоърасонии муштарак, созукори пӯшиши расонаии иҷлоси сарони гуруҳи БРИКС дар октябри 2024 (аввал то сеюм обони 1403) ва дигар масоили мавриди алоқа гуфтугӯ карданд.
Носири Канъонӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон ва раиси маркази дипломатияи умумӣ ва расонаӣ дар суханоне дар нишасти руасои департаменти иттилоърасонӣ ва сухангӯёни кишварҳои узви БРИКС, ба ташреҳи дидгоҳҳои Ҷумҳурии исломии Эрон дар бораи дастури кори ин иҷлос дар мавзӯоте ҳамчун иқдоми ҷамъии расонаҳои кишварҳои узви БРИКС барои тақвияти ҷойгоҳи байналмилалии ин гуруҳ, умқбахшӣ ба равобит миёни расонаҳои миллии кишварҳои узв бо ҳадафи эҷоди чорчӯбе барои фазои муштараки иттилоърасонӣ, истифода аз зарфиятҳои дипломатияи диҷиталӣ ва қобилиятҳои ҳуши маснуӣ дар дипломатияи умумӣ ва сиёсати хориҷӣ ва мубориза бо ҷараёни ахбори ҷаъливу иттилооти гумроҳкунанда пардохт.
Муқобила бо ҷараёнҳои мухолифи фаъолияти озоди расонаии кишварҳои узв дар Ғарб, муқобила бо маъракаҳои ахбори гумроҳкунандаву ҷаълӣ, муқобила бо осори манфии таҳримҳои якҷониба ва иқдомоти якҷонибаи қаҳромез алайҳи кишварҳои узв аз тариқи иттилоърасонии ҷанбаҳои мухталифи таъсири таҳримҳо, бавижа ҷанбаҳои ҳуқуқи башарӣ, метавонад аз коркардҳои ин шабакаи иттилоотӣ бошад.
Ончӣ акнун беш аз ҳар унсури дигаре дар масири адолату саломати расонаӣ аҳамият дорад, чархаи ҷараёнсозӣ ва барҷастасозии расонаӣ барои пешбурди чандҷонибагароӣ ва эҷоди ҷараёни озод, одилона ва созандаи расонаӣ аст.
Яке дигар аз додаҳои қобили тааммул, муқоисаи саҳми гуруҳи БРИКС ва Амрико аз тиҷорати ҷаҳонӣ аст. Оморҳои ҷаҳонӣ нишон медиҳад, дар ҳоле саҳми Амрико аз содироти ҷаҳон аз соли 2004 байни 8 то 9 дарсад дар навасон буда, ин мизон барои аъзои феълии БРИКС аз 13 дарсад ба 23 дарсад расидааст. Дар бахши воридот низ саҳми аъзои феълии БРИКС аз воридоти ҷаҳон аз 10 дарсад дар соли 2004 ба 19 то 20 дарсад ва саҳми Амрико аз 16 дарсад ба 13 дарсад коҳиш ёфтааст.
Ин оморҳо чашмандози равшанеро барои ояндаи БРИКС ба тасвир мекашад ва ҳамчунон ки нишастҳои Санк-Петербург низ нишон дод, бо гузашти замон ва дар сояи талошҳо ва пешниҳодҳои Эрон, рӯз ба рӯз бар густараи фаъолиятҳои ин иттиҳодия афзуда мешавад.