Июл 17, 2024 11:41 Asia/Dushanbe
  • Баргузории маросими Ошӯрои Ҳусайнӣ (а) дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон

Ҳамзамон бо фаро расидани Ошӯрои Ҳусайнӣ (а) маросими азодории рӯзи Ошӯро дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, дар даҳумин рӯз аз моҳи муҳаррам ва ҳамзамон бо рӯзи Ошӯро, эрониёни муқими Босния ва Ҳерсеговина бо ҳузур дар толори иҷтимооти сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Сараево ба ёди шуҳадои Карбало ва мазлумияти имом Ҳусайн (а) сугворӣ карданд.

Донишҷуён, вобастагони низомӣ ва дипломатҳои муқими Чин низ дар шаҳрҳои Пекин ва Шанхайи ин кишвар гирдиҳам омаданд ва дар ғами ҳазрати имом Ҳусайн(а) дар фазои оканда аз ҳузну андуҳ ашки мотам рехтанд.

Эрониёни муқим дар кишварҳои Австралия, Зеландияи Нав, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Филиппин, Сингапур, Бруней, Таиланд, Индонезия ва Малайзия низ зимни сугворӣ, намози зуҳри Ошӯроро ба ёди шуҳадои Карбало баргузор карданд.

 

Барчасп