Русия: Ҳузури Амрико дар минтақаи Қафқоз заминасози ташдиди даргирӣ аст
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия дар бораи размоиши Арманистон-Амрико ба номи «Уқоби шарик 2024» , ки аз миёнаҳои моҳи июл дар Арманистон оғоз шуд, гуфт: Ҳузури амрикоиҳо дар Қафқози ҷанубӣ танҳо ба даргирӣ дар минтақа доман мезанад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Русия пеш аз ин низ эълом карда буд ин размоишҳо, чизе ҷуз пушаймонӣ ба ҳамроҳ нахоҳад дошт; ба хусус он ҳам дар шароите, ки Арманистон фаъолиятҳои худро дар СПАД мутаваққиф карда ва мавзеъгирии ошкор алайҳи ин созмон анҷом медиҳад.
Русия ҳамчунин таъкид карда, ки мисли ҳамеша дар қиболи муттаҳидонаш мутааҳҳид боқӣ мемонад.
Ба гузориши хабаргузории ИТАР ТАСС, Мария Захарова , сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия дар бораи размоиши Арманистон-Амрико гуфт: Ин размоиш бисёр нигаронкунанда аст, ба вежа дар шароите, ки зуҳури амрикоиҳо дар Қафқози ҷанубӣ, хатҳои ҷудокунандаи наве эҷод хоҳад кард, ки ба конунҳои даргирӣ доман мезанад. Ғарбиҳо Арманистонро девонавор ба шаклҳои мухталиф ба таомул дар моварои Қафқоз мекашонанд в ҳамаи инҳо алайҳи Русия аст.
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия ҳамчунин бо таъкид бар инки ғарбиҳо аз тариқи мушорикат дар размоишҳо ва барномаҳои омӯзишӣ меъёрҳои нируҳои мусаллаҳи НАТО-ро ба Арманистон таҳмил мекунанд, афзуд: Ин амр мунҷар ба тағйири шакли куллии системаи амниятии Арманистон ва низ дастёбии ғарбиҳо бар сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ереван хоҳад шуд.