Олмон дар майдони тақобули Русия ва Амрико; буҳрони мушакии Берлин
Порс тудей - Вазири хориҷаи Олмон ба баҳонаи муқобила бо Русия, аз истиқрори сомонаи мушакии Амрико дар кишвараш истиқбол намуд.
Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар нишасти ахири Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) эълом дошт, ки қасд дорад силоҳҳои дурбурди худро дар Олмон мустақар намояд.
Ба гузориши Порс тудей, ин мавзӯ бо интиқоди шадиди бархе аҳзобу сиёсатмадорони олмонӣ мувоҷеҳ шудааст. Шуморе аз мақомоти хориҷӣ ва коршиносон низ истиқболи Берлин аз истиқрори сомонаи мушакии Амрико дар Олмонро нишондиҳандаи тан додан ин кишвар ба султаи Амрико медонанд.
Annalena Baerbock, вазири хориҷаи Олмон ахиран бо тарҳи ин иддао, ки Русия дар даврони раёсатҷумҳурии Владимир Путин зарродхонаи худро густариш дода, ҳимояти худро аз истиқрори мӯшакҳои дурбурд дар Олмон эълом кард.
Rolf Motsenich, раиси ҷиноҳи Ҳизби сотсиал-демократи Олмон дар порлумон, аммо бо ибрози нигаронӣ аз тавофуқи давлати ин кишвар бо Иёлоти муттаҳидаи Амрико ҳушдор дод, ки «хатароти мустақар кардан»-и ин силоҳҳои Амрикоро набояд аз назар дур дошт.
Дар ҳамин ҳол, Сергей Рябков, муовини вазири хориҷаи Русия дар вокуниш ба истиқрори мӯшакҳои дурбурди Амрико дар Олмон то соли 2026 гуфт: «Маскав мумкин аст дар посух ба ин мавзӯ, мӯшакҳое бо кулоҳаки ҳастаӣ мустақар кунад».
Рӯзномаи англисии «Financial Times» ҳам бо ишора ба интихоботи раёсатҷумҳурии пеши руи Амрико ва имкони рӯи кор омадани дубораи Доналд Трамп, чашмандози давлати дувуми Трампро барои сарони кунунии Берлин «мамлув аз тарс» тавсиф мекунад.