Мақоми покистонӣ: Ҷиноятҳои Исроил дар Фаластин намунаи возеҳи наслкушӣ аст
(last modified Tue, 23 Jul 2024 08:24:03 GMT )
Июл 23, 2024 13:24 Asia/Dushanbe
  • Покистон ҷиноёти режими саҳюнистиро наслкушӣ донист
    Покистон ҷиноёти режими саҳюнистиро наслкушӣ донист

Сухангӯи артиши Покистон гуфт, ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ дар Фаластин намунаи рӯшани куштори мардуми ин сарзамин аст ва мо ба ҳимоят аз фаластиниҳо идома хоҳем дод.

Генерал Аҳмад Шариф, сухангӯи артиши Покистон дар як нишасти хабарӣ дар Ситоди артиш дар Ровилпинди таъкид кард, ки ҳукумат ва артиши Покистон дар ҳимоят аз мардуми Ғазза ва маҳкум кардани ҷиноёт алайҳи фаластиниён, ҷиноятҳои режими Исроил дар Ғаззаро маҳкум кард ва гуфт, ин кор ҷуз наслкушии фаластиниён нест ва мо онро беасос мешуморем.

Сухангӯи артиши Покистон бо ишора ба ирсоли чанд марҳилаи кумакҳои башардӯстона ба мардуми мазлуми Ғазза гуфт: Мо дар ҳимоят аз Фаластин мавқеи қотеона доштаем ва намояндаи доимии Покистон дар Созмони Милал борҳо риёкории Ғарб дар қиболи Ғаззаро расво кардааст.

Покистон яке аз кишварҳои мусалмон аст, ки аз фаластиниҳо ҳимоят мекунад ва аз оғози ҷиноятҳои саҳюнистӣ алайҳи мардуми Ғазза аз 7 октябри соли 2023 то имрӯз, чӣ дар ҷомеаи байналмилалӣ ва ҳам дар дохили Покистон, мардум ва ҳукумати ин кишвар хамеша ҳуқуқи ҷудонашавандаи фаластиниҳоро дастгирӣ мекардаанд.