Ҳушдори Русия дар бораи низомисозии Осиё бо силоҳҳои ҳастаии Амрико
Июл 29, 2024 13:02 Asia/Dushanbe
Вазири умури хориҷаи Русия бо ҳушдор дар бораи табаоти истиқрори силоҳҳои ҳастаӣ гуфт, истиқрори таслеҳоти ҳастаии Амрико дар ҷануби шарқи Осиё хатароти амниятии минтақаро афзоиш медиҳад.
Ба гузориши Ирна, Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия рӯзи якшанбе дар Куала-Лумпур, пойтахти Малайзия гуфт, Амрико муддатҳост силоҳҳои ҳастаии худ ва имкони истифода аз ин силоҳҳоро дар ихтиёри кишварҳои узви НАТО таҳти унвони маъмуриятҳои ҳастаии муштарак қарор медиҳад ва ин раванд ба тозагӣ вориди кишварҳои осиёӣ шудааст.
Барчасп