Август 02, 2024 17:47 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Амрико дар бораи тасмими Эрон барои интиқом аз Исроил

Бурунмарзӣ - Сухангӯ ва ҳамоҳангкунандаи иртибототи роҳбурдии Шӯрои амнияти миллии Амрико гуфт: Ваъдаи интиқоми Эрон аз Исроил дар пайи террори раиси дафтари сиёсии Ҳамос дар Теҳрон бояд ҷиддӣ гирифта шавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҷон Керби, сухангӯ ва ҳамоҳангкунандаи иртибототи роҳбурдии Шӯрои амнияти миллии Кохи Сафед рӯзи панҷшанбе ба вақти маҳаллӣ зимни ҳушдор дар бораи ваъдаи интиқоми мақомоти эронӣ аз Исроил, тасреҳ кард: Эрон то кунун собит кардааст, ки тавоноӣ ва ирода барои ҳамла ба Исроилро дорад.

Ҳамчунин торномои амрикоии “Axios” ба нақл аз се мақоми амрикоии гузориш дод: Давлати Бойден мутақоид шудааст, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон қасд дорад ба талофи террори Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҳамос дар Теҳрон, ба Исроил ҳамла кунад ва Амрико дар ҳоли омодасозӣ барои муқобила бо ин ҳамла аст.

Тибқи ин гузориш, Пентагон ва фармондеҳи марказии Амрико дар ҳоли омодасозӣ ва истиқрори таҷҳизоти низомии Амрико дар Баҳри Миёназамин ва Дарёи Сурх ҳастанд.

 

Барчасп