Нахуствазири Покистон террори Исмоил Ҳанияро маҳкум кард
(last modified Fri, 02 Aug 2024 13:59:51 GMT )
Август 02, 2024 18:59 Asia/Dushanbe
  • Нахуствазири Покистон террори Исмоил Ҳанияро маҳкум кард

Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон, террори Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамосро яке аз бадтарин мисолҳои ваҳшигарӣ дар ҷаҳон унвон кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон дар гуфтугӯ дар ҷамъи аъзои кобинаи давлати кишвараш бо интиқоди сареҳ аз террори Исмоил Ҳания гуфт: Дар бадтарин иқдоми ваҳшиёна Исмоил Ҳания дар Теҳрон, пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба шаҳодат расид.

 Шаҳбоз Шариф бо ишора ба инки бадтарин вайронгарӣ ба таври шабонарӯзӣ дар Фаластин ҷараён дорад, ки дар ин замина бояд виҷдони ҷаҳон бедор шавад ва онон нисбат ба вазъияти Фаластин иқдом кунанд, ҳодисаи рӯзи чаҳоршанбе дар Теҳронро як куштори фаромарзӣ ва ба шаҳодат расондани Исмоил Ҳания бо мушакро зери по гузоштани қавонини байналмилалӣ донист.

Вай дар идома бо таъкид бар инки бисёре аз кишварҳо иқдоми террористии террори Ҳанияро маҳкум карда ва дастгоҳи дипломосии Покистон низ ба таври расмӣ баёнияе дар маҳкумияти ин иқдоми террористӣ содир кардааст, гуфт: Мо дар сартосари Покистон азои умумӣ баргузор хоҳем кард ва ҳамчунин, аз ниҳодҳои байналмилалӣ ҳам дархост мешавад, ки барои эҷоди сулҳу субот дар минтақа иқдомоти амалӣ иттихоз кунанд.