Гуфтугуҳои вазирони ҷанги Амрико ва режими саҳюнистӣ пеш аз ҳамлаи Эрон
Август 14, 2024 11:23 Asia/Dushanbe
Порс тудей - Вазири ҷанги режими саҳюнистӣ дар гуфтугу бо вазири дифои Амрико гуфтааст, ки омодагиҳои Эрон ҳамлаи густардаи ин кишвар ба режими Исроилро нишон медиҳад.
Ба гузориши Порс тудей ва ба нақл аз манобеи ибрӣ, дар ҳамин замина Ллойд Остин, вазири дифои Амрико ва Йоав Галант, вазири ҷанги режими саҳюнистӣ, телефонӣ дар бораи охирин таҳаввулоти минтақа бо якдигар гуфтугу карданд.
Вазири дифои Амрико дар ин тамоси телефонӣ зимни таъкид бар тааҳҳуди Вашингтон дар ҳимоят аз ин режим аз тақвияти тавоноиҳои низомии Амрико дар Ғарби Осиё ва эъзоми сареътари новгурӯҳи зарбатии Аброҳом Линколн муҷаҳҳаз ба ҷангандаҳо ва зердарёии мӯшакандози “USS Georgia” ба минтақа хабар додааст.