Музокироти фаъолони иқтисодии Эрон ва Русия
Ҷамъе аз фаъолони иқтисодии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Федератсияи Русия дар нишасте дар ҳошияи намоишгоҳи байналмилалии автомобилии Маскав 2024, роҳкорҳои тақвияти мубодилоти дуҷониба дар бахшҳои сохти қитъа ва худравро баррасӣ карданд.
Намоишгоҳи байналмилалии автомобилии 2024 Маскав рӯзи душанбе (19 август) дар ҳоле гушоиш ёфт, ки намояндагони саноати худрави Ҷумҳурии Исломии Эрон барои сеюмин соли паёпай бо барпоии ғурфаи ихтисосӣ ба намоиши маҳсӯлоти ҷадиди худ пардохтаанд. Ин намоишгоҳ бо суханронии ҷамъе аз мақомоти кишвари Русия ва бархе кишварҳои ширкаткунанда, аз ҷумла сафири Эрон дар фазое ба вусъати 60 ҳазор метри мураббаъ дар маркази намоишгоҳи байналмилалии Маскав мавсӯм ба «Экспосентр» гушоиш ёфт.