Наққоши рус: Шефтаи мероси фарҳангии Эрон шудам
(last modified Tue, 27 Aug 2024 07:38:17 GMT )
Август 27, 2024 12:38 Asia/Dushanbe
  • Наққоши рус: Шефтаи мероси фарҳангии Эрон шудам
    Наққоши рус: Шефтаи мероси фарҳангии Эрон шудам

Порси туде- як ҳунарманди ҷавони руси пас аз дидани тасовир ва наққошиҳоӣ аз осори тарихии Эрон, эълом кард : шефтаи мероси фарҳангии Эрон шуда аст.

Мария Знакова, яке аз 600 наққоши эронӣ ва русӣ роҳ ёфта ба ҷашнвораи наққошӣ “нақши дустӣ“аст .

Ба гузориши порси туде, дар ин ҷашнвора, ҳунармандони рус ва эронӣ мутақобилан тасвири худ аз кишварҳои якдигарро тарсим карданд .

Знакова бо тарсими чеҳраи шаҳид «Сайид Иброҳими Раисӣ », раиси ҷумҳури фақиди Эрон ба ҷамъи мунтахабони ҷашнвораи наққошӣ “ нақши дустӣ “ роҳ ёфта аст .

Ин бонуи рӯс дар ҳошияи барпои намоишгоҳи осори мунтахаби ин ҷашнвора дар академияи обранг ва ҳунарҳои зебои Маскав , дар бораи иллати интихоби тасвири раиси ҷумҳури шаҳиди Эрон барои ширкат дар ҷашнвора гуфт: Сайид Иброҳими Раисӣ натанҳо як шахсияти сиёсӣ , балки як шахсияти руҳонӣ ва мазҳабӣ Эрон аст ва барои таҷлил аз хадамоти вай, талош кардам ки тасвирии бошукуҳ аз у халқ кунам .

Знакова аз шаҳид Раисӣ ба унвони як шахсият бисёр муҳим ёд кард. Ин бонуи ҳунарманди рус ҳамчунин бо баёни ин ки дар асар бисёре аз осори ҳунармандони рус дар ин намоишгоҳ, либоси миллии эрони ё ба тасвир кашида шудааст , гуфт: бо дидани осори мунтахаби намоишгоҳ , мутаваҷҷеҳ шудам ки мероси фарҳангӣ бисёре дар Эрон вуҷуд дорад ки ин мавзӯи тавваҷуҳи манро ба худ ҷалб кард ва ба худам гуфтам ки ҳатмани Эрон, кишвар бисёр ҷолиби аст.