Август 28, 2024 19:24 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Русия ба Ғарб; Бо оташ бозӣ накунед

Порстудей-Вазири хориҷаи Русия муҷаввизи Ғарб барои истифодаи Кинв аз мушакҳои «Сояи тӯфон» алайҳи Русияро бозӣ бо оташ хонд.

Давлати Русия бо интиқод аз оташафрӯзии Вашингтон ва ҳампаймононаш, ҳушдор дод, ки ҷанги ҷаҳонии севум маҳдуд ба Аврупо нахоҳад буд.

 Ба гузориши Порстудей, мақомҳои англисӣ дар ҳафтаҳои ахир изҳороти зидду нақизе дар мавриди судури муҷаввиз барои истифодаи Киев аз мушакҳои "Сояи тӯфон" ҷиҳати ҳамла ба умқи хоки Русия доштаанд.

 Ба гуфтаи расонаҳои ғарбӣ, англисиҳо бо ин изҳорот барқасдона дар ҳоли эҷоди сардаргумӣ ҳастанд, то ҳақиқат дар бораи додан ё надодани муҷаввизи истифода аз ин мушакҳо ба Украина барои ҳамла ба умқи хоки Русияро дар норушанӣ нигаҳ доранд.

 Дар ҳамин робита Сергей Лавров-вазири хориҷаи Русия таъкид кард: Муҷаввизи Ғарб барои истифодаи Киев аз силоҳҳои дурбурд алайҳи Русия бозӣ бо оташ аст.

 Маскав пеш аз ин борҳо ба кишварҳои ғарбӣ дар бораи мусаллаҳсозии Украина ва афзоиши танишҳо ҳушдор додааст.

 Сеймур Херш-рӯзноманигори амрикоӣ ва барандаи ҷоизаи " Пулитсер" дар ҳамин хусус дар паёме дар расонаҳои иҷтимоӣ навишт: «Оё Камола Ҳарис, муовини раисҷумҳури Амирико ва номзади Ҳизби демократ дар интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар, дар сурати интихоб шудан ба унвони раисҷумҳур, ба ҳимояти фоҷеабори Ҷо Байден аз Украина дар ҷанг бо Русия мутааҳҳид аст ва ба ин кор идома хоҳад дод?»

 Вай бо баён инки сиёсати Байден дар робита бо ҷанг дар Украина дучори таноқуз шудааст, гуфт: Вашингтон аз як су бо илм ба инки Украина дар ин ҷанг пирӯз нахоҳад шуд ба Киев кумаки молӣ ва таслиҳотӣ мекунад ва аз тараф дигар аз ширкат дар музокироте, ки метавонад ба ин даргирӣ поён диҳад, худдорӣ мекунад.

 

Барчасп