Задухӯрди намояндагони парлумони Туркия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i11686-Задухӯрди_намояндагони_парлумони_Туркия
Намояндагони ҳизби ҳокими Туркия ва мухолифони ҳукумат дар ҷаласаи рӯзи чаҳоршанбеи парлумони ин кишвар бо ҳам даргир шуда, якдигарро латукӯб карданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 12, 2017 18:39 Asia/Dushanbe

Намояндагони ҳизби ҳокими Туркия ва мухолифони ҳукумат дар ҷаласаи рӯзи чаҳоршанбеи парлумони ин кишвар бо ҳам даргир шуда, якдигарро латукӯб карданд.

Ба гузориши ИРНА, рӯзи гузашта дар замони раъйгирӣ дар хусуси моддаи сеюми Қонуни Асосии пешниҳодии Туркия таниши байни аъзои ҳизби ҳоким ва аъзои аҳзоби мухолиф, аз ҷумла Ҳизби ҷумҳурихоҳи халқ мӯҷиби бурузи даргирӣ байни намояндагони ҷонибдор ва мухолифи тағйирот шуд. Даргирӣ дар миёни намояндагон замоне оғоз шуд, ки намояндагони ҳаводори ҳукумат аз Ҳизби адолат ва тавсеа раъйи худро ба сурати ошкор нишон дода, ба сандуқ андохтаанд ва аз соири намояндагон низ хоста шуд, ки чунин коре бикунанд. Ин дар ҳолест, ки мутобиқи қонун, раъйи намояндагон дар хусуси ислоҳи пешнависи Қонуни Асосӣ махфӣ аст ва ҳеҷ фарду ҳизбе наметавонд намояндаеро маҷбур ба ошкор кардани раъйи худ кунад. Барои ҳамин иқдоми аъзои ҳизби ҳоким ба эътирози намояндагони аҳзоби рақиб рӯ ба рӯ шуд ва мувофиқону мухолифон бо ҳам даргир шуданд. Дар пайи ин радду бадалҳои лафзӣ ва фаҳшгӯиҳои ду тараф пахши зиндаи телевизионии нишасти парлумони Туркия қатъ шуд. Ба рағми ин иттифоқот моддаи сеюми тарҳи пешниҳодии тағйири Қонуни Асосии Туркия марбут ба коҳиши синни номзадҳои интихоботӣ аз 25 ба 18 сол тасвиб шуд.

Маҷлиси миллии Туркия дорои 550 намоянда аст, ки 317 намояндаи он аз Ҳизби адолат ва тавсеа, 134 намояндааш аз Ҳизби ҷумҳурихоҳи халқ, 41 намоянда аз Ҳизби ҳаракати миллӣ ва 59 намояндаи он аз Ҳизби демократии халқҳо мебошад.