Таълиқи муҷаввизи телевизиони «Ал Ҳура» бозуи пропагандаи Конгресси Амрико дар Ироқ
(last modified Sun, 08 Sep 2024 08:48:11 GMT )
Сентябр 08, 2024 13:48 Asia/Dushanbe
  • Таълиқи муҷаввизи телевизиони «Ал Ҳура» бозуи пропагандаи Конгресси Амрико дар Ироқ

Порс тудей - Дар пайи эътирозоти густардаи ироқиҳо ба иҳонати расонаи арабзабони “Ал Ҳура”-и Амрико ба ниҳодҳо ва марҷаъияти динии Ироқ, Созмони иртибототу расонаии ин кишвар фаъолияти ин расонаи амрикоиро барои се моҳ ба ҳолати таълиқ дар овард.

Телевизиони амрикоии “Ал Ҳура” дар соли 2004 ба забони арабӣ таъсис шуд. Бахши зиёде аз манобеи молии ин шабака, тавассути Конгресси иёлоти муттаҳида таъмин мешавад. Ин шабака нақши пурранге дар ошӯбҳои Ироқ доштааст ва ахиран низ бо хатари масдӯд шудан мувоҷеҳ шудааст.

Ба гузориши Порс тудей, Созмони иртиботот ва расонаи Ироқ ба унвони ниҳоди расмии назорат бар фаъолияти расонаҳо дар ин кишвар бо интишори баёнияе рӯзи душанбе эълом кард, ки фаъолияти ин расонаи амрикоиро ба далели иҳонатҳое, ки ба ниҳодҳо ва намодҳои динӣ дар Ироқ муртакиб шуда ба муддати се моҳ ба ҳоли таълиқ дар меоварад.

Созмони иртибототу расонаи Ироқ бо эъломи ин хабар, дар баёнияе хоҳони узрхоҳии расмии ин расонаи амрикоӣ шуд.

Ин тасмим баъд аз он иттихоз шуд, ки телевизиони “Ал Ҳура”, гузориши сохтагӣ дарбора шахсиятҳои динӣ дар Ироқи мунташир ва эълом кард ки парванда ба истилоҳи фасоди диниро дар ин кишвари мавриди баррасӣ қарор медиҳад .

Дар баёнияи Созмони иртибототу расонаи Ироқ омадааст, ки дар сӯрати такрори ин гӯна тахаллуфот дар оянда, муҷозотҳои сангинтар алайҳи ин шабакаи телевизионии амрикоӣ вазъ мешавад.

Созмони иртибототу расонаи Ироқ ҳамчунин хотирнишон кард, ки тамомии касоне, ки аз ин гузориши мутазаррир шудаанд, метавонанд алайҳи ин шабакаи амрикоӣ додхости қазоӣ бидиҳанд.

Ин созмон дар ин баёнияе таъкид кард, ки гузориши ин расонаи амрикоӣ ба дур аз асли таҳқиқу пажӯҳиши расонаӣ буда ва бисёре аз мавориди гузориш дар таоруз бо усӯли кории ҳирфаӣ аст.

Гузориши расонаи амрикоии “Ал Ҳура” мавҷе аз маҳкӯмиятҳоро дар Ироқ бадунбол доштааст.

Созмони Ал-Ҳашду Шаъбӣ дар вокуниш ба ин иқдом эълом кард, телевизиони “Ал Ҳура” бадунболи дар пеш гирифтани «як сиёсати хабарии хасмона» аст.