Ихроҷи шаш дипломати бритониёӣ аз Русия ба ҷурми ҷосусӣ
Русия дар иқдоме талофиҷӯёна ба таҳримҳои тозаи Амрико ва Британия алайҳи ин кишвар, шаш дипломати Британияро ба ҷурми ҷосусӣ аз ин кишвар ихроҷ кард.
Ду рӯз пас аз сафари муштараки вузарои хориҷаи Амрико ва Британия ба Украина ва эъломи таҳримҳои тоза алайҳи ашхоси ҳақиқиву ҳуқуқӣ, Кремл бо интишори асноде ҳамроҳ бо ному тасовири ин дипломатҳо, ононро ба анҷоми иқдомоти хориҷ аз урфи дипломатӣ ва ҷосусӣ муттаҳам ва ҳукми ихроҷи ононро содир кард.
Кремл таъкид кард, агар дипломатҳои британияии бештаре дар фаъолиятҳои мушобеҳ ширкат дошта бошанд, эътиборномаи ононро низ лағв ва аз хоки Русия ихроҷ хоҳад кард.
Британия дар миёни кишварҳои аврупоӣ бештарин кумакҳои моливу таслеҳотиро ба Украина кардааст ва ду рӯзи пеш ба ҳамроҳи Амрико, Олмон ва Фаронса беш аз бист таҳрим алайҳи Русия ҷорӣ карданд.
Дэвид Лами, вазири умури хориҷаи Британия рӯзи чаҳоршанбе гуфт, Британия шашсад миллион фунт стерлинг (780 миллион доллар) ба Украина кумак хоҳад кард.
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар вокуниш ба иқдомоти ахири Амрико ва Британия дар бораи ирсоли мушакҳои дурбурд ба Украина афзуд: Мо бар асоси таҳдидоте, ки барои мо эҷод хоҳад шуд, тасмимоти лозим хоҳем гирифт. НАТО бо ирсоли судури муҷаввизи партоби мушакҳои дурбурд барои Украина, расман вориди майдони ҷанг бо Русия шудааст.