Зани муртабит бо инфиҷори пейҷерҳо таҳти ҳифозати сервиси махфӣ аст
Як зани муртабит бо пейҷерҳое, ки дар Лубнон ва Сурия мунфаҷир шуданд, таҳти ҳифозати сервиси махфии Маҷористон қарор гирифтааст ва ба ӯ тавсия шуда бо расонаҳо гуфтугӯ накунад.
Ба гузориши бахши байналмилали Хабаргузории садо ва симо, хабаргузории “Ассошейтед пресс” ба нақл аз нашрияи “Мидел Ист Ой” эълом кард: Як зан дар иртибот бо инфиҷори пейҷерҳо дар Лубнон, дар ҳоли ҳозир таҳти ҳифозати сервиси махфии Маҷористон аст.
Бино бар ин гузориш Патрикс Барсони таъйид кард, ки духтараш Кристиано пас аз ҳамалоти рӯзи сешанбе, ки Ҳизбуллоҳро ҳадаф қарор дод ва ба таври густарда гумон меравад, ки аз сӯи Исроил анҷом шуд, нопадид шудааст.
Ба гуфтаи ширкати тиҷории тайвании содиркунандаи ин пейҷерҳо, Кристиано, ки ба унвони мудири ширкати мушовираии мустақар дар Будапешт фаъолият мекард, бо сохти ин дастгоҳҳои инфиҷорӣ муртабит будааст.
Модари ӯ дар мусоҳибае телефонӣ аз Сисил фош кард, ки Кристиано таҳдид шуда ва дар ҳоли ҳозир дар маконе амн таҳти ҳифозати сервиси махфии Маҷористон аст.
Вай афзуд, сервиси махфии Маҷористон ба ӯ тавсия кардааст, ки бо расонаҳо гуфтугӯ накунад.