Сентябр 22, 2024 14:10 Asia/Dushanbe
  • Чаро расонаҳои ғарбӣ нақши НАТО дар фоҷеъаи Либияро пинҳон мекунанд?

Порс тудей - НАТО ба раҳбарии Британия, Амрико ва Фаронса бо беш аз 9700 ҳамлаи ҳавоӣ ва андохтани беш аз 7700 бомби ҳидоятшаванда, давлати Либияро сарнагӯн карданд. Gregory Shupak муътақид аст, ки ин бомбаборонҳо ба куштори ҳазорон нафар аз мардуме, ки НАТО иддао мекард барои наҷоти онҳо талош мекунад, мунҷар шуд.

Фоҷеъаҳои табиӣ ва инсонӣ маъмулан аз ҳам тафкикпазир нестанд; бавижа замоне, ки пои мудохилоти низомии хориҷӣ дар миён бошад. Туфони "Даниэл", ки дар сентябри 2023 Либиёро дарнавардиду ҷони ҳазорон нафарро гирифт, танҳо як ҳодисаи табиӣ набуд, балки бахше аз фоҷеъаи бузургтар аст, ки решаҳои он ба соли 2011 ва мудохилаи низомии НАТО дар ин кишвар бармегардад. Расонаҳои ғарбӣ дар пӯшиши ин ҳодиса, бештар бар рӯи ҷанбаҳои табиии буҳрон тамаркуз карда ва нақши НАТО-ро дар шаклгирии ин вазъият нодида гирифтаанд. Ин гузориши Порс тудей ба баррасии ин мавзӯ мепардозад, ки чаро расонаҳои ғарбӣ аз бозгу кардани нақши воқеии НАТО дар эҷоди бесаботӣ ва нобудии зерсохтҳои Либия сар боз мезананд.

Дар соли 2011, ҳамлаи НАТО ба Либия ба шиддат буҳронҳои инсонӣ ва зерсохтӣ дар ин кишварро ташдид кард. Бино бар гузориши Responsible Statecraft, селҳои ахир дар Либия, ки ба далели туфони "Даниэл" дар сентябри 2023 рух дод ва ҷони то 10 ҳазор нафарро гирифт, на танҳо як фоҷеъаи табиӣ, балки натиҷае аз мудохилоти низомии НАТО низ буд. Gregory Shupak аз Responsible Statecraft баён мекунад, ки расонаҳо умдатан ҷангро ба унвони далеле барои омода набудани Либия дар мувоҷиҳа бо ин фоҷеъа зикр карданд, бидуни он ки ба нақши НАТО дар солҳои таҳоҷум ба Либия ишора кунанд.

Туфони Донёл, ки дар шарқи Баҳри Миёназамин шакл гирифт ва дар авоили сентябри 2023 ба Либия расид, ба унвони маргбортарину пурҳазинатарин тӯфони таърихи Баҳри Миёназамин  ва Африқо шинохта мешавад.

Вай афзуд, ки дар ҷараёни шӯриши НАТО алайҳи Муъаммар Қаззофӣ дар соли 2011, расонаҳои амрикоӣ муддаӣ шуданд, ки неруи ҳавоии Либия муътаризонро бомбаборон кардааст, аммо ҳеҷ мадраке барои ин иддаоҳо ироа накарданд, Пентагон низ чунин бомбаборонеро таъйид накард.

Аз замони ҷанги НАТО дар Либия дар соли 2011, ин кишвар ба ду давлати рақиб тақсим шуда, ки ҳар кадом барои қудрат мубориза мекунанд. Gregory Shupak таъкид мекунад, ки бомбаборонҳои НАТО ба таври мустақим боиси фурӯпошии садҳо дар дарна нашуд, аммо ҷанг мӯҷиби тахриби давлати Либия ва аз байн рафтани бофти иҷтимоии он шуд, ки яке аз пайомадҳои он нотавонӣ дар ҳифзи зерсохтҳои ҳаётӣ аст.

Gregory Shupak ишора мекунад, ки ин дидгоҳ дар расонаҳои ҷараёни аслӣ ҳатто онҳое, ки ба ҷанг ишора мекунанд, мунъакис нашудааст. Ӯ мутаваҷҷеҳ шуд, ки аз 67 матлабе, ки тайи шаш рӯз дар расонаҳои барҷастае монанди Ню-Йорки Таймс ва Вашингтон пост пайдо кард, танҳо 40 матлаб ба калимаи «ҷанг» ишора карда буданд ва танҳо се матлаб аз онҳо ба нақши НАТО пардохтаанд.

Дар поён Gregory Shupak натиҷагирӣ мекунад, ки НАТО ба таври густарда дар ҷанги Украина низ дахил буда ва дар ниҳоят занҷирае аз ҳаводисро ташдид карда, ки Русияро ба амалиёти низомии худ водоштааст.

 

Барчасп