Сентябр 23, 2024 10:36 Asia/Dushanbe
  • Эрдуғон: Исроил як созмони террористӣ аст

Порс тудей - Раисиҷумҳури Туркия ар режими Исроил ба унвони як созмони террористӣ ном бурд.

Ба гузориши Порс тудей, Эрдуғон бо ишора ба ҳаводиси террористии ахир дар Лубнон афзуд: Таҷовузҳои режими саҳюнистӣ ба Лубнон нишон медиҳад, ки ин режим ба дунболи густариши ҷанг дар минтақа аст.

Раисиҷумҳури Туркия тасреҳ кард, ки истифодаи Исроил аз таҷҳизоти иртиботӣ барои куштори миллати Лубнон нишон дод, ки ин режим монанди як созмони террористӣ рафтор мекунад.

Дар ҷараёни инфиҷорҳои террористии рӯзҳои сешанбе ва чаҳоршанбеи пейҷерҳо ва бархе васоили иртиботии электронӣ дар Лубнон, ки бо ҳидояти мустақими режими саҳюнистӣ иттифоқ афтод, дастикам 37 лубнонӣ кушта ва беш аз се ҳазор нафар аз дорандагони ин лавозими электронӣ дучори маҷрӯҳят шуданд.

 

Барчасп