Октябр 02, 2024 18:10 Asia/Dushanbe
  • Ҳавзаҳои авлавиятдори Эрон дар ҳамкорӣ бо гуруҳи БРИКС
    Ҳавзаҳои авлавиятдори Эрон дар ҳамкорӣ бо гуруҳи БРИКС

Порс-тудей. Дувоздаҳумин нишасти вузарои улум, фанноварӣ ва навоварии БРИКС бо ҳузури намояндагони Чин, Русия, Ҳинд, Бразилия, Африқои Ҷанубӣ, Эрон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Миср ва Эфиопия дар Маскав баргузор шуд.

Русия ҳафтаи гузашта мизбони дувоздаҳумин нишасти вузарои улум, фанноварӣ ва навоварии кишварҳои узви БРИКС буд.

Дар ин нишаст, ки ба раёсати Валерий Фалков, вазири улуму омӯзиши олии Русия баргузор шуд, руасои ҳайатҳои кишварҳо ба табйини авлавиятҳои илм, фанноварӣ ва навоварӣ дар ростои тавсеаи ҳамкориҳои илмӣ ва навоварона пардохтанд.

Валерий Фалков, вазири улуму омӯзиши олии Русия дар ин нишаст бо таъкид бар ин ки фанноварӣ яке аз пӯётарин заминаҳо барои густариши ҳамкориҳо дар БРИКС аст, эълом кард, ки кишварҳои узви BRICS дар назар доранд пойгоҳи додаҳои илмсанҷии якпорча эҷод кунанд.

Саҷҷоди Аҳадзода, раиси Маркази ҳамкориҳои таҳаввул ва пешрафти раёсати Ҷумҳурии исломии Эрон низ дар ин нишаст ба унвони намояндаи Эрон дар ҳавзаи ҳамкориҳои фанноварӣ ва навоварӣ бо гуруҳи БРИКС дар суханоне ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои нанофанноварӣ, зистфанноварӣ, энержиҳои таҷдидпазир, об, иқтисоди дарё, амнияти ғизоӣ, ҳуши маснуӣ ва иқтисоди диҷиталиро аз ҳавзаҳои авлавиятдори Эрон дар ҳамкорӣ бо гуруҳи БРИКС баршумурд.

Бар асоси эъломи телевизиони БРИКС, тамаркузи ширкаткунандагон дар ин нишаст бар тавсеаи ҳуши маснуӣ ва хадамоти диҷиталӣ, тазмини амнияти сойберӣ ва беҳбуди дастрасӣ ба фанноварии иттилоот буд.

БРИКС (ба англисӣ: BRICS) - номи гуруҳе аз кишварҳо ба раҳбарии қудратҳои иқтисодии навзуҳур аст ва аз ба ҳам пайвастани ҳуруфи аввали номи англисии он кишварҳо, яъне Бразилия, Русия, Ҳинд, Чин ва Африқои Ҷанубӣ сохта шудааст, ки дар солҳои баъдӣ кишварҳои дар ҳоли тавсеа низ ба он пайвастанд.

БРИКС намоёнгари ниме аз ҷамъияти ҷаҳон аст ва 28% қудрати иқтисодии дунёро дар ихтиёр дорад ва тавсеаи ҳамкориҳои ин кишварҳо метавонад нақши муҳимеро дар муқобила бо якҷонибагароии кишварҳои ғарбӣ ифо кунад.

 

Барчасп