Озодии ҷаҳонӣ дар гарави долларзудоӣ аз иқтисоди ҷаҳон
Порс тудей - Вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни инки Амрико аз вобастагии кишварҳо ба доллар ба унвони силоҳ истифода мекунад, эълом кард, ки долларзудоӣ тақрибан хостаи ҳамаи кишварҳо ва миллатҳои озодихоҳи ҷаҳон аст.
Саидаббоси Ироқчӣ, вазири хориҷаи Эрон чанде пеш дар нишасти БРИКС, ки дар Ню-Йорк баргузор шуд гуфт: Муттаассифона зерсохтҳои кунунии иқтисоди ҷаҳонӣ ба сурати ҳаросангезе дар ихтиёри қудратҳое қарор дорад, ки амалан “сохторҳои иқтисоди ҷаҳониро ба силоҳе алайҳи рақибон мубаддал сохтаанд”.
Ба гузориши Порс тудей, Ироқчӣ дар ин нишаст бар ин нукта таъкид дошт, ки Амрико аз вобастагии кишварҳо ба доллар ҳамроҳ бо эҷоди маҳдӯдиятҳои бонкӣ, нобаробарӣ дар тасмимгирӣ дар муассисоти молии байналмилалӣ, адами риояти иҷмоъ ва ғайра, ба унвони силоҳ истифода мекунад. Ба гуфтаи Ироқчӣ долларзудоӣ хостаи ҳамаи кишварҳо ва миллатҳои озодихоҳи ҷаҳон аст.
Пеш аз ин Паулу Ногейра Батиста(Paulo Nogueira Batista Jr.), намояндаи собиқи Бразилия дар Сандӯқи байналмилалии пул (IMF) низ дар мусоҳиба бо шабакаи RT эълом карда буд: Доллари Амрико ба як арзи хатарнок табдил шудааст.
Вай дар ин мусоҳиба бар ин нукта даст гузошт, ки эътимод ба доллар ба унвони арзи захираи ҷаҳонӣ ба тадриҷ коҳиш ёфтааст, зеро ба гуфтаи ӯ, ҳар рӯз теъдоди бештаре аз кишварҳо ба дунболи ҷойгузинҳое ҳастанд ва ин раванд ба як ҳаракати бузург барои долларзудоӣ табдил шудааст. Дар ҳамин замина, Алии Ҳаддодӣ, узви Камиссиони саноат ва маодини маҷлиси Эрон муътақид аст, ки агар кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ва БРИКС, долларзудоӣ, ки яке аз тавсияҳо ва мутолиботи имом Хоманаӣ, Раҳбари инқилоби исломӣ низ астро амалиётӣ созанд, муқобила бо якҷонибагароии Амрико рақам хоҳад хӯрд ва қудрати кишварҳои узв афзоиш пайдо хоҳад кард, чаро ки ба мӯҷиби ин амр нақши доллар камранг хоҳад шуд.
Аз сӯи дигар, расонаҳои ғарбӣ низ борҳо изъон кардаанд, ки долларзудоӣ аз иқтисоди ҷаҳонӣ ва мубодилоти кишварҳо бо суръати хиракунанда дар ҳоли вуқуъ аст. Дар ин бора вебсойти шабакаи “СНБС” гузориш додааст, ки дархостҳо мабнӣ бар канор гузоштани доллари Амрико аз тиҷорат дар ҳоли афзоиш аст ва кишварҳои бештаре аз Бразилия гирифта то кишварҳои ҷануби шарқи Осиё хостори анҷоми тиҷорат бо арзҳои дигар ба ҷуз доллари Амрико ҳастанд.