Никарагуа равобити худро бо режими саҳюнистӣ қатъ кард
Никарагуа ба далели ҷиноят ва наслкушии режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза, расман равобити дипломатии худро бо ин режим қатъ кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , давлати Никарагуа бо интишори баёнияе эълом кард, давлати ин кишвар равобити дипломатии худро бо режими наслкуши Исроил ба далели куштори мардуми бегуноҳи Фаластин қатъ кардааст.
Пештар вазири умури хориҷаи Никарагуа дар маҷмаъи умумии СММ бо интиқод аз назми ноодилонаи кунунии ҳоким бар ҷаҳон, наслкушии режими саҳюнистӣ ва муттаҳидонаш зидди мардуми Фаластин ва Лубнонро маҳкум карда буд.
Давлати Никарагуа ҳамчунин сафорати ин кишвар дар Олмонро ба далели ҳимояти давлати ин кишвар аз наслкушии Исроил дар борикаи Ғазза таътил ва аз давлати Олмон дар Девони байналмилалии додгустарӣ шикоят кард.
Бар асоси таҳлиле, ки дар моҳи март тавассути Муассисаи таҳқиқоти сулҳи байналмилалии Стокголм (sipri) мунташир шуд, Амрико ва Олмон тақрибан 99 дарсад аз кулли силоҳҳои воридотӣ ба сарзаминҳои ишғолиро таъмин мекунанд.
Бар асоси бароварди ин муассиса, режими саҳюнистӣ 69 дарсад таслиҳоти худро аз Амрико ва 30 дарсадро аз Олмон дар солҳои 2019 то 2023 ворид кардааст.