Тафсир: Тӯри аврупоии Зеленский бо “ тарҳи пирӯзӣ “
(last modified 2024-10-13T12:06:10+00:00 )
Октябр 13, 2024 17:06 Asia/Dushanbe
  • Тафсир: Тӯри аврупоии Зеленский бо “ тарҳи пирӯзӣ “
    Тафсир: Тӯри аврупоии Зеленский бо “ тарҳи пирӯзӣ “

Саҳоб - Муртазои Маккӣ - дар пайи лағви Конфаронси сулҳи Украина дар Рамштайни Олмон , Владимир Зеленский раиси ҷумҳӯри Украина барои ҷалби ҳимояти давлатҳои аврупоӣ сафари давраиро ба Аврупо аз Порис оғоз кард ва сипас ба Берлин , Лондон ва Рум рафт .

Зеленский қарор буд дар рӯзи 12 октябр дар Олмон бо раиси ҷумҳӯри Амрико Ҷу Байден дидор ва дар бораи “ тарҳи пирӯзӣ “ худ гуфтугӯ кунад . Мақомҳои амрикоӣ ва украинӣ чанд ҳафтаи гузаштаро сарфи баррасии ин тарҳи сулҳ карданд . Нишасти сулҳи Рамштайн муташаккил аз 32 узви НАТО ба далели лағви сафари  Ҷу Бойден дар пайи тӯфони милитон дар дар иёлатҳои ҷанӯбии Амрико ба замони дигарӣ гузошта шуд . Зеленский дар пайи лағв нишасти Рамштайн сафари давраиро ба Аврупо оғоз кард . Зеленский замони зиёдӣ надорад . Интихоботи раёсати Ҷумҳурии Амрико дар камтар аз ду ҳафтаи оянда баргузор мешавад . Пирӯзии Трамп ва ё Камала Ҳаррис ба як тағири  муҳим дар ояндаи ҷанги Украина табдил шудааст .

Владимир Зеленский эълом кардааст ҷанг бо Русия бо наздик шудан ба интихоботи раёсати Ҷумҳури дар Амрико ва ҳамчунин фарорасидани зимистон дар Украина , дар як нуқтаи буҳронӣ қарор дорад . Иёлоти Муттаҳида то ба имрӯзи аслитарин ҳомии Украина ва  бузургтарин таъминкунандаи кумакҳои молӣ ва низомӣ бӯдааст , аммо пирӯзии эҳтимолии Доналд Трамп дар интихобот метавонад тардидҳоеро дар бораи идомаи ҳимояти Вашингтон аз Киев эҷод кунад . Дар ҷадидтарин мавзегирӣ дар ин замина « Майк Ҷонсон » раиси Маҷлиси намояндагони Иёлоти Муттаҳида аз чеҳрҳои Ҷумҳурииоҳи тарафдори Трамп эълом кардааст агар Доналд Трамп дар интихоботи моҳи ноябр пирӯз шавад , эҳтимолан ҷанги Украини сареъан тамом мешавад . Раиси Маҷлиси намояндагони Амрико тайи мусоҳибае бо пойгоҳи хабарии « Понч бовел ниюз » , мустақар дар Вашингтон даии сӣ баён кард : « Ман тамоюле барои кумакҳои бештар ба Украина надорам ва  умедворам ки лозим ҳам нашавад . »

Трамп борҳо дар ваъдаҳои интихоботии худ таъкид кардааст, ки агар раиси ҷумҳӯр шавад , дар арзи 24 соъат ва ҳатто пеш аз маросими таҳлиф ба ҷанги Украина хотима хоҳад дод . Ин ваъдаҳо ларзаеи андоми Зеленский меандозад . Ба ҳамин далели Зеленский бо лағви нишаст  Рамштайн дар Олмон сафараш ба аврупоро лағв  накард ва ба дунбол гирифтани таъаҳҳуд аз давлатҳои аврупоӣ барои тадовуми кумакҳои молӣ ва низомишон аст . Раиси Ҷумҳурии Украина дар дидор бо раҳбарони аврупоӣ тарҳи пирӯзии Украинаро дар набард бо Русия ироа дод то балки аз ин тариқи онҳоро муҷоб ба афзоиши кумакҳои молӣ ва низомӣ кунад . Меҳвари аслии ин тарҳ дархости муҷаввизи истифода аз мӯшакҳои дурбурди ғарбӣ алайҳи аҳдоф дар хоки Русия буд.

Дар музокироти Зеленский бо нахуствазири Британиа Mark Rutte Дабирикули НАТО низ ҳузур дошт . Раиси ҷадиди НАТО бо таиди инки баҳси муҷаввизи мӯшакҳо дар дидораш бо Зеленский матраҳ шудааст , ба хабарнигорон гуфт : « Мо имрӯз дар ин бора суҳбат кардем , аммо дар ниҳоят ҳар як аз муттаҳидон ба сӯрати инфиродӣ дар ин замина тасмим мегиранд » . Ин дар ҳоле аст ки сухангӯ Keir Starmer , нахуствазири Британиа , эълом кард мавзеи Лондон дар бораи истифода аз мӯшакҳои дурбурд тағйире накардааст . Стармер пеш аз ин дар ҷараёни сафари расмӣ ба Амрико бо истифода аз мӯшакҳои дурбурд барои ҳадаф қарор додани умқи хоки Русия мухолифат карда буд .

Ҳеҷ як аз кишварҳои аврупоӣ ҳозир нест дар чунин мавзӯи муҳиммӣ ба танҳои тасмими бигирад . Владимир Путин , раиси ҷумҳӯри Русия , моҳи гузашта эълом кард чунин тасмимӣ ба маъноӣ онаст, ки кишварҳои НАТО ба таври мустақим бо Русия дар ҳоли ҷанг ҳастанд ва « моҳияти ин даргири ба таври куллӣ тағйир хоҳад кард . » Раҳбарони аврупоӣ ваъдаи тадовуми кумакҳои молӣ ва низомӣ ба Украина доданд , аммо сарнавишти ҷанги Украина дар Вашингтон мушаххас хоҳад шуд . Мустаҷири ҷаддиди Кохи Сафед то ду ҳафтаи оянда интихоб мешавад .