Ҳузури амрикоиҳо дар нишастҳои рӯзонаи мустақар дар пойгоҳҳои низомиёни режими Исроил
(last modified 2024-10-15T09:31:15+00:00 )
Октябр 15, 2024 14:31 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури амрикоиҳо дар нишастҳои рӯзонаи мустақар дар пойгоҳҳои низомиёни режими Исроил

Рӯзномаи “Гардиан», чопи Лондон аз ҳузури мақомоти амрикоӣ дар нишастҳои рӯзонаи мустақар дар пойгоҳҳои низомиёни режими Исроил хабар дод.

Ба навиштаи ин рӯзнома, мақомоти Ожонси тавсеаи байналмилалии Амрико, мавсум ба USAID дар нишастҳои низомиёни артиши Исроил ва ҳамчунин зиндони Sde Teiman, ки шиканҷаи боздоштшудагони фаластинӣ дар он ривоҷ дорад, ширкат мекунанд.

«Гардиан» бо иддаои ин ки вазифаи USAID тасҳили кумакҳои башардӯстонаи фаврӣ ба борикаи Ғазза аст, менависад: Зиндони Sde Teiman маркази муваққате барои нигаҳдории боздоштшудагони Ғазза пас аз амалиёти “Тӯфони Алақсо» аст.

Бинобар эъломи гуруҳҳои мудофеи ҳуқуқи башарӣ ва бархе аз боздоштшудагони озодшуда аз зиндони мустақар дар Sde Teiman, ҳазорон фаластинӣ дар онҷо нигаҳдорӣ мешаванд, ки дар маърази бадрафториву шиканҷаи шадид қарор доранд.

 

Барчасп