Масъӯли сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо: UNIFIL бояд тақвият шавад
(last modified 2024-10-20T08:40:02+00:00 )
Октябр 20, 2024 13:40 Asia/Dushanbe
  • Масъӯли сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо: UNIFIL бояд тақвият шавад

Саҳоб - Масъӯли сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо тақвияту ҳузури бештари неруҳои сулҳбони Созмони Милали Муттаҳид дар ҷануби Лубнон (UNIFIL)-ро хостор шуд.

Ба гузориши ИРНА, Ҷозеф Боррел, масъӯли сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо рӯзи шанбе дар остонаи нишасти вазирони дифои Гуруҳи 7 дар Италия бо такрори мавзеи интиқодии ин иттиҳодия, зидди ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба сулҳбонони Созмони Милали Муттаҳид дар Лубнон (United Nations Interim Force in Lebanon) гуфт, маъмурияти ин ташкилоти байналмилалӣ бояд бознигарӣ ва тақвият шавад.

Вай ҳамалоти режими Исроил ба UNIFIL-ро ғайриқобили қабул донисту афзуд, неруҳои созмони Милал бояд дар сартосари ҷаҳон мавриди эҳтиром қарор гиранд.

Andre Tennetti, сухангӯи неруҳои ҳофизи сулҳи Созмони Милали Муттаҳид рӯзи ҷумъа эълом кард, артиши режими саҳюнистӣ амдан неруҳои сулҳбон дар ҷануби Лубнонро ҳадаф қарор медиҳад.

Токунӯн шуморе аз сулҳбонон дар ҳамалоти артиши режими саҳюнистӣ маҷрӯҳ шуда ва ин масаъла бо маҳкӯмияти густардаи ҷаҳонӣ мувоҷеҳ шудааст.