Сиёсатҳои таҳримии Амрико, абзори тазъифи иқтидор ва пешрафти кишварҳо
(last modified Thu, 24 Oct 2024 07:31:11 GMT )
Октябр 24, 2024 12:31 Asia/Dushanbe
  • Сиёсатҳои таҳримии Амрико, абзори тазъифи иқтидор ва пешрафти кишварҳо
    Сиёсатҳои таҳримии Амрико, абзори тазъифи иқтидор ва пешрафти кишварҳо

Порс тудей- Сиёсатҳои таҳримии Амрико алайҳи бархе аз кишварҳо, бо иддаои мухталиф, боис шудааст то моҳияти якҷонибагароии ин кишвар барои ҳамагон беш аз пеш намоён шавад.

Ба гузориши Порс тудей ва ба нақл аз хабаргузории Меҳр , вазири хазонадори Амрико эълом кард, ки  Вашингтон ҳафтаи оянда «таҳримҳои ҷаддид ва сахти» ро алайҳи кишварҳои солис эъмол мекунад, ки ба иддаои ӯ дар тақвияти артиши Русия ва иқдомоти он дар Украина кумак мекунанд.

Сиёсати таҳримии Амрико алайҳи Русия дар ҳоле аст, ки ин кишвар аз ҷиноёти Исроил дар Ғазза ва Лубнон ҳимоят кардааст ва ба ҳамроҳии Инглис тайи як соли ахир фақат чандибор мудаии таҳримҳои вазирони ифротии   Кабинаи Бинёмин Нитанияҳу, нахуствазири режиим саҳюнистӣ шудааст, идаое, ки  то кунун ба марҳилаи амали нарасидааст.

Дар ҳамин ҳол , Амрико бо такрори бархе мавозиъи зидди эронӣ , шаш ширкати чиниро ба далели ҳимоят аз тавсеаи таслеҳоти Эрон ва ҳамчунин навсозии артиши Чин ба феҳристи сиёҳи содироти изофа кардааст .

Вазорати бозаргонии Амрико иддао кард ки ин ширкатҳо бо ҳимоят аз барномаи таслеҳотии Теҳрон ва артиши Чин бар хилофи амнияти миллии Амрико амал мекунанд.

Аз сӯйи дигар , Вазорати бозаргонӣ , санъат ва амнияти Амрико 9 ниҳоди покистониро низ ба баҳонаи нақзи қавонини кантроли содирот ва тавсеаи барномаҳои таслеҳотӣ ва паҳподӣ ба феҳристи ба истилоҳ сиёҳи худ изофа ва алайҳи онони эъмол мамнӯъият кард .

Моҳи гузаштаи Покистон дар вокуниш ба иқдоми пештари Иёлоти Муттаҳида дар таҳрими бархе аз ширкатҳо ва атбои чинӣ ба иттиҳоми таъмини ақломи муртабит бо барномаҳои мушакии Исломобод , эълом кард : Ин иқдоми Вашингтон баёнгари рӯйкарди дугонаи он дар қиболи режимҳои ҷаҳонии адами тарвиҷ  аст ва Покистон онро муғризона бо ангезаҳои сиёсӣ талаққи мекунад .

Дар ҳоле, ки Амрико ва кишварҳои ғарбӣ , ҳамчунон ба ҳимоятҳои таслеҳотӣ ба Украина бо ҳадафи зарба задан ба Русия идома медиҳанд , Вашингтон се ниҳоди иморотӣ ва як ниҳоди мисриро низ ба далели нақзи таҳримҳои муртабит бо ҷанги Украина ба листи сиёҳ афзӯд .

Барчасп