Ибрози тамоюли бархе кишварҳои ғарбӣ барои илҳоқ ба раванди долларзудоӣ
(last modified Sat, 26 Oct 2024 07:41:24 GMT )
Октябр 26, 2024 12:41 Asia/Dushanbe
  • Ибрози тамоюли бархе кишварҳои ғарбӣ барои илҳоқ ба раванди долларзудоӣ

Муовини вазири хориҷаи Русия аз ибрози тамоюли бархе кишварҳои ғарбӣ барои илҳоқ ба раванди долларзудоӣ хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сергей Рябков, муовини вазири хориҷаи Русия бо ишора ба талоши БРИКС барои долларзудоӣ дар муомилоти ҷаҳонӣ гуфт: Он даста аз кишварҳои ғарбӣ, ки қасди пайвастан ба раванди долларзудоӣ дар тиҷорати ҷаҳониро доранд, бояд дар бораи аҳдофи худ шаффофсозӣ кунанд.

Вай афзуд, Маскав дар давраи раёсати худ бар ин гуруҳи байналмилалӣ дар тазъифи доллар ва расмият додан ба он дар тавофуқномаҳо муваффақ амал кардааст ва акнӯн идомаи ин равандро ба Бразилия ба унвони раиси баъдии БРИКС муҳаввал мекунад.

Сергей Рябков бо баёни инки долларзудоӣ бо таваҷҷуҳ ба таҳримҳои ғайриқонӯнӣ, рискҳое дорад, тасреҳ кард, роҳи ҳалҳое барои муҳофизат дар баробари чунин иқдомоте вуҷӯд дорад.

Гуруҳи иқтисодҳои навзуҳур мавсӯм ба БРИКС дар соли 2006 тавассути Бразилия, Чин, Ҳинд ва Русия таъсис шуд ва дар солҳои баъд ба тадриҷ Африқои Ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ, Миср, Иморот ва Эфиопия ба он пайвастанд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон низ аз ибтидои соли 2024 расман ба БРИКС пайваст ва дар нишасти ҳафтаи гузаштаи ин гуруҳ, Масъуди Пизишкиён, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони узви аслӣ ҳузур ёфт.

 

Барчасп