Эътирози аъзои Шӯрои амният ба ҳамсӯии Амрико бо режими саҳюнистӣ + ВИДЕО
Октябр 29, 2024 15:57 Asia/Dushanbe
Аъзои Шӯрои амнияти Созмони Милал дар нишасти изтирории ин шӯро, аз Амрико ва ҳомиёнаш дар эътироз ба ҳамсӯӣ бо иқдомоти режими саҳюнистӣ, ба шиддат интиқод карданд.
Сафиру намояндаи Эрон дар ин нишаст бо маҳкум кардани ҳамлаи режими саҳюнистӣ таъкид кард: Ҳимояти беқайду шарти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз режими Исроил, ин режимро вақеҳтар карда то ба ҷиноёту таҷовузоти худ дар Ғаззаву Лубнон ва акнун алайҳи Эрон идома диҳад.
Оқои Еравонӣ таъкид кард, Иёлоти Муттаҳида дар таҷовузоти режими Исроил шарики ҷурм аст ва авоқиби онро низ мутаҳаммил хоҳад шуд.