Июл 14, 2016 17:50 Asia/Dushanbe
  • Интишори китоби

Уламои динӣ дар Узбакистон фатвоҳо алайҳи гуруҳи террористии ДИИШ-ро ҷамъоварӣ ва мунташир кардаанд.

Кумитаи умури дини Узбакистон аз интишори "Рисолаи амалия" алайҳи ДИИШ хабар дод. Ба гузориши пойгоҳи хабарии бурунмарзии Садо ва симо, Кумитаи умури динии Узбакистон эълон кард, уламои ин кишвар маҷмӯи фатвоҳо алайҳи гурӯҳи террористии ДИИШ-ро мунташир карданд. Ҳадаф аз интишори ин китоб муаррифии Исломи ноби муҳаммадӣ ва ҷудо кардани он аз Исломи мавриди назари гурӯҳҳои такфирӣ эълом шудааст.

Тибқи охирин гузоришҳо, ҳудуди 200 шаҳрванди Узбакистон аз тариқи дигар кишварҳо вориди Сурия шудаанд. Шабакаҳои иҷтимоӣ муҳимтарин роҳи ҷазби ҷавонони узбак ба гурӯҳҳои террористию ифротӣ ҳастанд.

Барчасп