Ифтитоҳи бузургтарин Намоишгоҳи байналмилалии таслеҳоти Покистон бо ҳузури Эрон
Дувоздаҳумин Намоишгоҳи байналмилалии таслеҳот ва дастовардҳои дифои Покистон бо ҳузури 55 кишвар, аз ҷумла ҳайати Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон дар шаҳри бандарии Карочӣ кушоиш ёфт.
Ҳайати Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон ба раёсати амири сартип Муҷтабо Рамазонзода ва ҳамчунин Ризо Амиримуқаддам, сафири Эрон дар Покистон ва Ҳасани Нуриён, сарконсули Эрон дар Карочӣ дар маросими ифтитоҳияи намоишгоҳи байналмилалии таслеҳоти Покистон ҳузур ёфтанд.
Павилиони Ҷумҳурии исломии Эрон дар бузургтарин Намоишгоҳи байналмилалии таслеҳоти Покистон бо ҳадафи намоиши дастовардҳои низомии ҷумҳурии исломӣ шомили саноеи бумӣ дар ҳавзаи дифоӣ, ҳавофазо ва ҷанги электронӣ барпо шудааст.
Шиори намоишгоҳи имсол «Силоҳ барои сулҳ; ҳамкории ҷаҳонӣ ва мушорикати роҳбурдӣ» аст, ки Созмони тавсеаи содироти дифоии Покистон (DEPO) аслитарин баргузоркунандаи он аст ва бисёре аз кишварҳои матраҳи ҳавзаи тавлидоти дифоӣ ва таҷҳизоти ҷангӣ дар он ширкат хоҳанд кард.